Нашрияи Омӯзгор

Аёният – кафолати муваффақият

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 818        Шарҳ: 0

 

Яке аз шартҳои муваффақиятмандӣ дар аз худ намудани овоз ва ҳарфҳо дар синфи 1 ба кор бурдани асбобҳои аёнӣ дар таълими савод мебошад. Ба номгӯи асбобҳои аёнӣ ашёи гирду атроф, расму суратҳои ҳархела, алифбои бурида, таблитсаи ҳиҷо ва калимаҳо, ашёи гуногун ва дигар маводи дидактикӣ дохил мешаванд.

Ин асбобҳои аёнӣ, аз як тараф, барои аз худ намудани маводи нав истифода бурда шаванд, аз тарафи дигар, барои мустаҳкам намудани он нақши муҳим мебозанд. Дар ҳар ду маврид ҳам асбобҳои аёнӣ воситаи муҳими таъмини самаранокии кори мустақилонаи талабагон ва фаъолгардонии онҳо мебошад. Ба шарофати самаранок истифода бурдани аёният худи дарс ҳам пурсамар мегардад.

Барои мисол алифбои буридаро гирем. Вай барои гузаронидани корҳои гуногун имконият медиҳад, мустақилӣ ва фаъолияти хонандагонро такмил мебахшад. Дар таълими савод истифода бурдани варақаҳои суратдор аҳамияти махсус дорад. Ба воситаи варақаҳои суратдор хонанда якчанд машқро иҷро мекунад.

1)Хонандагон аз байни варақаҳо ҳамон варақаҳоеро мегиранд, ки дар он расми ашёи зарурӣ бошад, яъне номи ҳамон ашёе, ки бо овози омӯхташаванда сар мешавад.

2) Ба зери расми чизе ҳарферо мегузоранд, ки номи он ба ҳамон ҳарф сар мешавад.

3) Расми ашёеро, ки аввали номи ҳамаашон бо овози муайян сар мешавад, дар як қатор мегузаронад.

4) Дар зери расм номи чиз навишта шуда бошад ҳам, ягон ҳарфаш партофта шудааст. Талабагон ҳарфи заруриро ёфта, калимаро пурра карда мехонанд: шо (шоҳ), лу (олу), ру (ору), ӯл (нӯл), он (нон), ма…на (майна), рӯ… оҳ (рӯбоҳ).

5.Ягон ҳиҷои калима партофта шудааст, ки хонандагон онро ёфта, калимаро пурра мекунанд… (ло-на), со… (Соро), на… (зина), сӯ… (сӯзан).

Дар таълими савод мавқеи асосиро расмҳои ҳархелаи ашёдор ва сюжетнок ишғол мекунанд. Қариб ҳамаи расмҳои китоб, аз як тараф, хусусияти тарбиявӣ дошта бошанд, аз тарафи дигар, воситаи бойгардонии захираи луғавии хонандагон ва такмилбахшии нутқи даҳонакии онҳо мебошанд.

 

Бибираҷаб Саидова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш