Нашрияи Омӯзгор

Нақши муассири муҳит

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Дар тарбияи кӯдакон ба назар гирифтани таъсири муҳит ва дар  асоси он амал намудани омӯзгор омили муҳим аст. Таъсири муҳит ба кӯдакон гуногун – ҳам мусбию ҳам манфӣ  шуда метавонад.

Бинобар ин, зери назорат доштани муҳите, ки кӯдакон дар он қарор доранд, амали  пурманфиат аст ва ба омӯзгор барои тарбияи дурусту комили хонандагони хурдсол мадад мерасонад, самтҳои зарурии тарбияро муайян месозад. Дар айёми мо муҳити фарогири кӯдакон хеле гуногуну мураккаб гардидааст. Кӯдакон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар нақлиёт шоҳиди гуфтугӯи дигарон (калонсолон) мегарданд, аз онҳо, аз ҷумла, сухану ибораву ифодаҳои гуногунро мешунаванду ба худ қабул мекунанд. Аз ин  ҷост, ки баъзан дар оила ва дар мактаб аз онҳо ибораи таҳқиромез ё дашномеро мешунаванду дар ҳайрату ташвиш мемонанд;    инро ӯ аз куҷо фаҳмиду донист?! Чӣ бояд кард?

Ҳамчунин, кӯдакон,  ки табиатан мушоҳидакоранд, дар кӯча рафтори наврасону ҷавонони авбошро мебинанд ва чун тақлидро дӯст  медоранд, мехоҳанд ба онҳо пайравӣ намоянд. Масалан, ба ҳар ашёи дар  пешашон пайдошуда лагад мезананд, дар девору дарвозаҳо ҳар гуна калимоти ношоиста менависанд, ҳаракатҳои варзишгунаи ноҷо мекунанд,  садоҳои булаҷаб мебароранд. Боз ҳам волидону омӯзгорон тааҷҷубзада мешаванд, дар ҳайрат мемонанд, афсӯс мехӯранд. Чаро ин тавр шуд? Аз куҷо омӯхтаанд ин ҳамаро кӯдакон?!

Таъсири дигари муҳит ба кӯдакон: имрӯзҳо аксар дар роҳу кӯчаҳо, дар  нақлиёт телефони мобилӣ дар даст  доранд ва гӯшу ҳушашон ба он банд аст, то ба ҷое ки баъзан аз худу аз атрофашон  бехабар мемонанд. Атрофиёни кӯдакон дар телефонҳои мобилӣ намоишҳои гуногун  (бештар фаҳшу аз доираи одоб берун)-ро тамошо мекунанд, дурудароз бо ину он гуфтугӯ  менамоянд, мусиқӣ мешунаванд.

Кӯдакон ин ҳамаро дида, гумон мекунанд, ки чунин бояд рафтор кард, чунин бояд буд. Ин гуна тақлид боиси барҳадар рафтани вақти онҳо, костагӣ дар маънавиёташон ва зиёда аз ин, боиси халалдор гаштани   саломатиашон мешавад. Ҳатто, ҳодисаҳои зиёде далел бар онанд, ки машғулияти бардавом бо телефонҳои мобилӣ дар кӯчаю роҳҳо боиси фалокату садамаҳо гардидааст…

Омӯзгор бояд ин ҳама омилҳоро дар мадди назар дошта бошад ва мунтазам ба шогирдон таъкид намояд, ки кадом рафтору гуфтору кирдор хубу шоистаи пайрависту аз кадом амал бояд худдорӣ кард.

Дар ин самт ҳамкории омӯзгор бо волидон омили муҳим мебошад. Аз тарафи дигар, омӯзгори синфҳои ибтидоиро мебояд, ки назорати хонандагонро ба қадри имкон ба таври бавусъаттар ба роҳ монад. Дар давоми ҳар 10-12 рӯз бо кӯдакон оид ба дидаю шунидаҳояшон берун аз мактаб ва таассуроташон аз онҳо суҳбати  фардӣ (индувидуалӣ) баргузор кардани омӯзгор ва дар ин замина такмил додани нақшаи тарбиявиаш ба манфиати кор хоҳад буд.

Насиба Туева,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш