Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти назарраси созмонҳои хонандагон

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Дар маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш Шӯрои ҳисоботии созмонҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия баргузор гардида, дар он фаъолияти яксолаи созмонҳои хонандагон ҷамъбаст карда шуд. Қайд гардид, ки дар ҳамаи 62 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, як литсейи давлатӣ ва мактаб-интернат созмонҳои хонандагон фаъолияти пурсамар доранд.

Ба иттилои директори Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маориф Моҳсафар Сафарова ҳар моҳ семинари доимоамалкунандаи созмонҳои хонандагон гузаронида мешавад, ки дар рафти он роҳбарони созмонҳо мубодилаи таҷриба менамоянд.

Қабул ба созмонҳои хонандагон  дар се зина: «Ахтарон», «Ворисони Сомониён» ва «Сомониён» соле ду маротиба - дар арафаи ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 сентябр) ва рӯзи ташкилёбии созмони хонандагони ба номи Исмоили Сомонӣ (26 феврал) гузаронида мешавад. Фаъолони созмонҳои хонандагон дар ташкили озмунҳои «Китобхони беҳтарин», «Хонандаи сол», «Тирамоҳи заррин», «Оташнишони ҷавон» ва дигар чорабиниҳои варзишӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

 

Аъзам БОБОЕВ,

рӯзноманигор  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш