Нашрияи Омӯзгор

Норасоии йод-хатар ба саломатӣ

Сана: 2018-05-31        Дида шуд: 770        Шарҳ: 0

Дар маркази тиҷоратии «Пойтахт» бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Одоб, дониш, ақл, меҳр» («Одам») семинари якрӯзаи омӯзишӣ барои кормандони васоити ахбори омма дар мавзӯи «Нақши воситаҳои ахбори омма дар ноилшавӣ ба йодноккунии умумии намак дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Ҳамоишро коршиноси ВАО, рӯзноманигор Раҷаб Мирзо ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мавзӯи интихобшуда шояд аз нигоҳи аввал ҷолиб ба назар нарасад. Мо медонем, ки дар Тоҷикистон захираҳои намак хеле зиёданд, аммо он то куҷо ба талабот ҷавобгӯ аст, намедонем. Сипас, мушовири миллӣ оид ба ЙУН (йодноккунии умуми намак) Мутриба Латифова доир ба «Вазъияти норасоии йод: Дурнамои ҷаҳонӣ ва минтақа» ва «Таърихи йодноккунии намак. Гузашта ва ҳозираи Тоҷикистон оид ба йодноккунии намак. Ҳолати истеҳсоли намак дар Тоҷикистон» сухан гуфта, зикр кард, ки норасоии йод инсонро на танҳо ба бемории ҷоғар, балки ба қадпастӣ, камхунӣ, бачапартоӣ дар занони ҳомила, фарбеҳӣ, критинизм… гирифтор мекунад. Норасоии йод мавзӯи хеле муҳим аст ва онро сарфи назар кардан нашояд, зеро он ба генофонди миллат таъсири манфӣ мерасонад. Сардори раёсати хизматрасонӣ ба модарон ва кӯдакони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев оид ба «Ваъияти ғизо ва норасоии йод дар Тоҷикистон. Натиҷаҳои назарсанҷиҳои охирон» маълумот дода, гуфт, ки айни замон 43%-и занҳои шаҳри Душанбе ба фарбеҳӣ гирифторанд, вилояти Хатлон дар ҷои дуюм меистад. Камхунии занҳо низ зиёд ба мушоҳида мерасад, ки дар ин росто вилояти Хатлон дар миқёси кишвар ҷои аввалро ишғол кардааст. Намоянда аз агентии Тоҷикстандарт Исмоншо Султонов зимни ироаи маърӯзаи худ дар мавзӯи «Назорат ва танзими истеҳсол ва фурӯши намаки йоднокшуда аз ҷониби ҳукумат. Фаъолияти амалӣ. Санҷидани намаки йоднокшуда бо тестери фаврии йод (индикатор)» изҳор дошт, ки  барои йодноккунӣ мутахассисони корхонаҳои истеҳсоли намак 750 грамм йодро дар 60 литр об ҳал карда, дар 15 тонна намак омехта менамоянд. Дар ин сурат намаки коркардшуда миқдори зарурии йодро дар таркиби худ мегирад. Коршиноси ВАО Аҳлиддин Салимов ба ҳозирин таъкид кард, ки барои омодасозии маводи журналистӣ манбаъҳои муътамад хеле муҳиманд. Дар кишвари мо ин манбаъҳо дар мавзӯи йодноккунии умумии намак Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, агентии Тоҷикстандарт, агентии омор, Вазорати саноат ва технологияҳои нав… мебошанд.

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш