Нашрияи Омӯзгор

Аз як даст садо наояд

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

 

Тарбияи фарзанд яке аз масъалаҳои муҳимест, ки имрӯз на танҳо диққати падару модарон, устодон, балки кулли ҷомеаро ба худ ҷалб намудааст.

Баробари ба остонаи мактаб қадам гузоштани хурдсолон аввалин  ҳарфи устод ва рафтору  гуфтори ӯ ба дили онҳо роҳ меёбад. Дар лаҳзаи дарс ва дар мактаб назорати устод ва берун аз мактаб дар кӯчаву хона назорати волидайн ва аҳли ҷомеа  метавонад фарзандро ба роҳи нек ҳидоят менамояд. Имрӯз рафтору гуфтори ношоистаи баъзе  хонандагон боиси нигаронии ҷомеа гардидааст.

Ин ҳам  бесабаб  нест. Аксарияти хонандагони хурдсол дар мавзӯъҳои гуногун ба кори савдо машғул гардида, аз одобу хониш дур мондаанд. Онҳо ба фикри пулу мол шуда, саводнокиро аз даст медиҳанд. Аз рафтори нафарони камсавод танҳо нишонаҳои ахлоқи  коста ба мушоҳида мерасад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳушдор додааст: «…ҳамчун инсони комил ба воя расондани фарзанд ва тарбияи дурусти ӯ ҳеҷ гоҳ бе меҳру муҳаббат ва дастгириву садоқати падару модар имкон надорад. Аз ин лиҳоз,  падару  модарони арҷманд бояд рисолати муқаддаси худ – тарбияи поктинативу зебопарастӣ, башардӯстиву инсонпарварӣ ва заҳматкашиву ободкориро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари  соҳибистиқлоламонро дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ ба камол  расонанд…»

Ин гуфтаҳоро ҳар яки мо бояд сарчашмаи кори худ қарор дода, саҳми хешро бо дониши хубу рафтори намунавӣ ва хулқу одоби ҳамида дар пешрафти ҷомеа гузорем. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чунин таъкид карда шудааст: «Роҳбарону масъулони соҳаро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд». Чунин дастур,  пеш аз ҳама ба мо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, дахл дорад ва моро водор менамояд, ки дар робита ба  ин гуфтаҳо шогирдонро илму адаб омӯхта, ба идомаи таҳсил дар дигар зинаҳои таҳсилот ва шоҳроҳи зиндагӣ ҳидоят намоем. Дар ин самт дастгирии волидайн ва аҳли ҷомеа низ басо зарур аст.        

 

Саодат СИҶОБОВА,

директори мактаби рақами 7,

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш