Нашрияи Омӯзгор

Ҳамбастагӣ мебояд

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Мутаассифона, баъзе наврасону ҷавонон аз бемасъулиятӣ ба амалҳои ношоиста даст зада, номи худро доғдор мекунанд. Ҳарчанд дар ин замина Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба тасвиб расидааст, аз тарафи баъзе аз волидон нуктаҳои ин санади муҳим риоя намешаванд. 

Барои ин мо-омӯзгоронро зарур аст, ки ҳамкориро бо падару модарон вусъат бахшем. Дар ин самт волидонро низ зарур аст, ки эҳсоси баланди масъулият дошта бошанд, ба омӯзиши фарзандашон таваҷҷуҳ намоянд. Падару модаронро зарур аст, ки ҳамвора дар дарсҳои фарзондонашон иштирок кунанд, сатҳи дониши онҳоро зери назорати ҷиддӣ қарор бидиҳанд. Иштироки волидон дар дарсҳои фарзандон, аз як тараф барои баланд шудани сифати дониши хонандагон мусоидат кунад, аз ҷониби  дигар омӯзгорро водор менамояд, ки ба дарсҳо омодагии ҷиддӣ бинад.

Мутаассифона, волидоне ёфт мешаванд, ки соле як бор ҳам ба мактаб намеоянд, рӯзномаҳои фарзандашонро назорат намекунанд.

Яке аз воситаҳои ҳамкории волидон бо мактаб рӯзнома аст, ки дар он фаъолияти ҳаррӯзаи хонанда дарҷ мегардад. Инчунин, омӯзгор бояд сари вақт аз камбудиҳои хонанда тавассути  телефон ба волидон хабар диҳад. Аммо таҷрибаи корӣ нишон медиҳад, ки на ҳамаи падару модарон занги телефонро хуш қабул мекунанд. Падару модарон бояд дарк кунанд, оила ва мактаб ду ҷабҳаи ба ҳам пайвасте ҳастанд, ки дар танҳоӣ фаъолияташон самаровар нахоҳад буд. 

Суръат Қуқанов,

омӯзгори литсейи “Раҳнамо”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш