Нашрияи Омӯзгор

Омодагӣ ба мактаб: масъалаи мураккаб

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ҳамасола ба таълиму тарбияи шогирдон омодагӣ мегиранд. Омодагии онҳо аз он хотир аст, ки хонандагон бо кадом дараҷаи дониш ва меъёри ахлоқ ба остонаи мактаб қадам мениҳанд. Муддати якуним ё ду моҳ ва бештар аз он вақти омӯзгорон ба ин маърака сарф мешавад.

Бачагоне, ки муддати 4-5 сол ё камтару бештар дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ тарбия ёфтаанд, бо варақаҳо ё роҳхатҳо ба мактаб меоянд. Аммо, чунон ки ба назар мерасад, ҳоло теъдоди онҳое, ки бо роҳхати муассисаҳои томактабӣ вориди таълимгоҳҳо мешаванд, хеле кам аст.

    Омӯзгорон, бахусус, онҳое, ки таълиму тарбияи  синфҳои якум ба зиммаашон гузошта шудааст, дар давраи омодагӣ ба соли нави хониш хеле сертараддуд мебошанд. Кор бурдан бо кӯдакон дар як давраи кӯтоҳи омодагӣ ба мактаб хеле муҳим аст. Лозим меояд, ки волидон дар ин давра бо муассисаҳои томактабӣ  дар тамос шаванд, зеро бачагоне, ки бо тавсияи муассисаҳои томактабӣ ба ин ё он мактаб қабул карда мешаванд, дорои тавсифнома буда, дар варақаҳои махсус хислат, рафтор, фаъолият ва кӯшишу ғайрати ҳар яки онҳо сабт меёбад.

Ба назар мерасад, ки баъзан дар пур кардани чунин варақаҳо омӯзгорону мушовирони муассисаҳои томактабӣ то ҷое ба саҳлангорӣ роҳ медиҳанд. Хислату рафтори бачаҳоро чунон нишон медиҳанд, ки гӯё аксари онҳо нобиға бошанд. Масалан, менигоранд, ки Зарринаи Мансур дорои одобу ахлоқи намунавӣ буда, ҳарфҳои алифборо пурра азхуд кардааст, дар васфи Ватан, модар ва ғайра даҳ шеърро азёд медонад. Аз математика ва ҳисоб низ дониши хуб дорад, то сад шумурда  метавонад, бо чор амали математикӣ шинос аст ва ғайра. Вале дар сутуни хислатҳо, бахусус, рафтори манфӣ чизе сабт намекунанд ва ин сутунҳо ҳамеша холӣ аст. Чаро ин тавр аст? Чуноне мо ошкор сохтем, ин амал ё вазифаро худи мураббияҳо ба дӯши равоншиносони муассисаҳои томактабӣ бор мекунанд. Ёбеду гиред. Охир, ҳоло на ҳамаи муассисаҳои томактабӣ равоншинос доранд. Ҳар як мураббия, омӯзгору мушовир, пеш аз ҳама, худи онҳо дониши равоншиносӣ доранд ва медонанд, ки дар гурӯҳи хурдсолону калонсолон кадом бача дорои чӣ гуна хислату рафтор мебошанд. Холӣ мондани сутуни рафтору ахлоқ шояд аз он хотир бошад, ки волидони бачаҳо наранҷанд. Албатта, ин амали хушоянд нест ва ҳар як мураббия, омӯзгору мушовир ва мудирони муассисаҳои томактабӣ, ки дар варақаҳо имзо мегузоранд, бояд масъулиятшинос бошанд, аз камбудӣ, нуқсу дигар иллатҳои модарзодии тарбиятгирандагон чашм напӯшанд.

    Аксар кӯдакон аз гурӯҳҳои омодагӣ бо тавсифномаҳои аъло, ҳанӯз сазовори чунин таърифу тавсиф нестанд. Ҳатто бо ҳарфҳои алифбо шинос набуда, шеърҳоро ғалат бо лаҳҷаи модарӣ мехонанд, дар онҳо эркагӣ, бахилӣ нисбат ба ҳамсинфон ба назар мерасад, рафтору ахлоқи онҳо намунавӣ нест. То қадам ба мактаб гузоштан он қадар фосилаи дур нест; гурӯҳҳои калони 6-7-сола мехоҳанд ҳарчӣ зудтар ба остонаи мактаб қадам биниҳанд. Саволе ба миён меояд, ки бо кадом донишу рафтору ахлоқ? Як-ду даҳсола пеш мо дар ин мавзӯъ чунин масъалагузорӣ карда наметавонистем, зеро муассисаҳои томактабиро танҳо бо номҳои боғча-яслӣ мешинохтем. Ҳоло ки талабот тамоман дигар шудааст, яъне муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон амал мекунанду дар онҳо мураббияҳо, омӯзгорону мушовирон ва равоншиносон кору фаъолият мебаранд, бояд дар бораи таълими саводи бачаҳо фикр кунем, ахлоқу рафтори онҳо аз мадди назар дур накунем.

Агар кӯдакон саводи ибтидоиро дар муассисаҳои томактабӣ бароранд, дар онҳо зеҳният ташаккул меёбад, онҳо қодиранд бо кумаки мураббияҳо ва омӯзгорон дар 5-6-солагӣ донишҳоеро азбар кунанд, ки барои калонсолон азхудкунии чунин донишҳо мушкил аст. Инро набояд муболиға пиндорем, зеро ҳоло замони пешрафти илмӣ-техникӣ аст, дар рӯзгори одамон инноватсия ва технологияи информатсионӣ сахт маъво гирифтааст. Дар ҳар хонавода компютеру дигар дастгоҳҳои электронӣ мавҷуд аст, кӯдакон аз онҳо барои вақтхушӣ истифода мекунанд. Идоракунии чунин дастгоҳҳо аз ҷониби кӯдакони то синни томактабӣ дар ҳар хонавода ба чашм мерасад, яъне, бачаҳои мо аз хурдсолӣ бо технологияи информатсионӣ шинос мешаванду аз он дониши ибтидоиро мегиранд.

Адолат Ғуломова,

омӯзгори мактаби №35-и

ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш