Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба омӯзиши география  

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

География илми шавқовар буда, хонандагонро бо ҳодисаҳои атроф, сабабҳои ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои тағйирёбии обу хок, иқлим, тақсими ҳудудҳо, гурӯҳбандии мамлакатҳо, хусусиятҳои ҷойгиршавӣ ва фарҳанги аҳолӣ, хусусияти ҷойгиршавии шаҳрҳо ва деҳот шинос менамояд.   

Омӯзгори ин фан бояд ба шогирдонаш таъкид намояд, ки география аз ҷумлаи илмҳои хеле  қадим буда, ба гуфти муҳаққиқон, оғози омӯзиши он ҳанӯз дар Мисри Қадим панҷ ҳазор сол пеш оғоз шудааст. Олимони соҳа дар ҳамон замон  на танҳо тағйирёбии  сатҳи кураи замин, балки фарқи гуногунии  минтақаҳои табииро  ҳам муайян карданд. Аз таърих маълум аст, ки олимони шинохтаи олам Птоломей ва Эратосфен бори аввал дар таърихи  илми география харитаи  олам ва глобусро мураттаб сохтанд.  Маҳз ҳамин ду ашё яке аз сабабҳои мукаммал гардидани донишҳои географӣ ва азхуд кардани қитъаю кишварҳои гуногуни ҷаҳон гардидааст.

Бо мурури солҳо, дар  баробари инкишофи географияи умумӣ илмҳои ҷузъии географӣ низ пайдо шуда, тараққӣ карданд. Дар маҷмӯъ, системаи илмҳои географӣ шакл гирифт. Аз ҷумла, географияи иқтисодӣ, картографияи илмӣ, географияи сиёсӣ, географияи иқлим, ки климатология ҳам мегӯянд, географияи хок ва дигар илмҳои ҷузъии географӣ инкишоф ёфтанд. Имрӯз мувофиқи андешаи олимони соҳа, ба уҳдаи илмҳои географӣ вазифаи ниҳоят масъул дар роҳи баланд бардоштани саҳми татқиқотҳои умумиҷаҳонӣ ва пешрафти минбаъдаи он вогузор гардидааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон яке аз роҳҳои муҳими тавсеа бахшидан ба илми география беҳтар намудани омӯзиши илми география дар мактабҳои миёна ва олӣ мебошад. Бо ин усул имконияти васеъ намудани дониши хонандагон ва донишҷӯён оид ба шароитҳои табиӣ, захираҳои бойи кишвар,  инкишофи иқтисодиёт, фарҳанг, туризм ва ҳифзи муҳити зист ба амал меояд. Азхуд кардани  донишҳои географӣ, пеш аз ҳама, географияи Тоҷикистон хонанда ва донишҷӯро водор менамояд, ки ҳамчун шаҳрванди ин мамлакат табиату иқтисодиёт, боигарию сарватҳои табиат, кӯлу дарёҳо, обҳои шифобахш, биёбоншавии кӯҳсор, сабабҳои дигаргуншавии иқлим, ҳифзи муҳити зистро донад. Чунки ба ин тариқ, дар ниҳоди  онҳо ҳисси ватанпарастӣ ва ватандӯстӣ пайдо гардида, ба ҳар як ваҷаб замину ба ҳар қатра оби Ватан эҳтиром гузоштанро меомӯзанд.     

 

Роҳила  ҚАНДАҲОРОВА,

омӯзгори  географияи  коллеҷи

тиббии шаҳри Бохтар


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш