Нашрияи Омӯзгор

Сарчашмаи дониш

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Бо ҳадафи таълиму тарбияи дурусту босамари хонандагон дар мактаб воситаҳои гуногун пешниҳод ва тавсия шудаанд: дастурҳо, аёниятҳо, воситаҳои техникӣ, дискҳо, китобҳои гуногун, варақаҳо, раҳнамоҳо… Дар ин миён воситаи  асосию муассир ва самаровартарин китоби  дарсӣ маҳсуб меёбад. Он ҳамеша, ҳам дар мактабу ҳам дар хона, ҳамроҳи хонандагон ва дастгиру раҳнамою омӯзандаи онҳост. Аз ин ҷиҳат таълиму тарбияи дурусти хонандагон ба китоби  дарсӣ бештар вобастагӣ дорад. Махсусан, хонандагони хурдсол (синфҳои ибтидоӣ) ба китоб меҳру ихлос ва эҳтироми самимӣ доранд.   Муҳаққиқони соҳаи педагогика нисбат ба китобҳои дарсӣ махсусиятҳои зеринро муқаррар кардаанд:

-бояд ҳам мазмунан комил ва ҳам зоҳиран зебо бошанд, таваҷҷуҳи  хонандагонро ҷалб бинмуда тавонанд;

-ба шогирдон дуруст хонда тавонистан, дарки мазмун ва фикр намудану хулоса бароварданро омӯзонанд (албатта, дар сатҳи синну  соли онҳо);

-хонандагон тавонанд ба он мустақилона машғул  шаванд, матнҳояшро дуруст бифаҳманд;

-дар китоби дарсии синфҳои ибтидоӣ мавҷуд будани расмҳои рангаю ҷолиб ва таваҷҷуҳбарангез муҳим мебошад…

Ҳамчунин, ба китобҳои дарсӣ талаботи зерин пеш гузошта шудааст:

-қабл аз ҳама, онҳо бояд ба барномаи таълимӣ ва ба стандартҳои давлатии таҳсилот мувофиқат дошта бошанд:

-зарур аст, ки  бо ҳарфҳои калонтару хоно чоп шуда бошанд ва дар онҳо матнҳо, қоидаву  мафҳуму далелҳо саҳеҳу фаҳмо оварда шаванд;

-матнҳо бояд пурмазмун бошанд ва дар баробари мувофиқат ба мавзӯъ шогирдонро ба дорои ахлоқи ҳамида будан, ба ватандӯстию донишандӯзӣ ҳидоят  намоянд;

-калимаю ибораҳои душвор-фаҳм, иқтибосӣ ва хоси лаҳҷаю шева, ки дар зарурат истифода шудаанд, бояд шарҳ дода шуда бошанд;

-беҳтар аст, ки матнҳо  ҳар чӣ бештар бо муҳит, бо ҳаёти воқеии хонандагон мувофиқ карда  шаванд;

-дар кулли матнҳо бояд хусусиятҳои синнусолии шогирдон ба инобат гирифта шаванд;

-ранга будани китоби дарсӣ, сифати хуби полиграфӣ доштани он (махсусан, дар коғази хушсифат чоп шудани китобҳо) ба аҳамияти махсус молик аст.

Омӯзгор бояд дар оғози ҳар як соли таҳсил як дарси тарбиявиро ба мавзӯи эҳтироми китоб ва нақши он дар омӯзиш бубахшад ва шогирдонро даъват намояд, ки китобҳояшонро дар ҳолати хуб нигоҳ  доранд, эҳтиёт намоянд ва пайваста варақ зананду донишашонро такмил бубахшанд.

Ситора Ҷӯраева,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш