Нашрияи Омӯзгор

Таҳлили корҳои санҷишӣ

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Дар вақти гузаронидани кори санҷишӣ аз математика ман назди худ мақсад мегузорам, ки санҷидани сатҳу сифати дониш, маҳорат ва малакаи хонандагонро дар мадди  аввал гузорам.

Агар барои иҷрои кори санҷишӣ баҳо дар дафтари хонандагон гузошта шуда бошад, хонандагон хатоиҳои худро бо шавқу завқ ислоҳ намекунанд. Барои он ки хонандагон хатоиро бо шавқу завқ ислоҳ кунанд, ман зарур донистам, ки чунин шакли кори санҷиширо аз математика дар фаъолияти кориам ҷорӣ намоям.

Баъди тамом шудани кори санҷишӣ ман аз хонандагон дафтарҳои кори санҷиширо ҷамъ мекунам ва онҳоро месанҷам ва ба ҳар як мисолу масъала баҳо мегузорем.

Вале дар дафтарҳои кории хонандагон хатоҳои онҳоро ислоҳ намекунам ва баҳо ҳам намегузорам. Дар тахтаи синф ё плёнкаи кодоскоп ҳалли дурусти мисолу масъалаҳоро менависам ва ба онҳо пешкаш мекунам ва дафтарҳои кори санҷиширо ба онҳо месупорам, то ки хонандагон корҳои худро бо корҳои дар тахтаи синф дарҷгардида муқоиса кунанд ва бо қалами одӣ хатоҳои худро ислоҳ кунанд. Баъд хонандагон дар дафтарҳояшон ба кори худ баҳо мегузоранд ва онро ба омӯзгор месупоранд. Ба хонандагоне, ки аз уҳдаи ҳалли мисолу масъалаҳо баромадаанд, ба онҳо кори мустақилона аз ҳамон боб супорида мешавад.

Ба кори санҷишӣ ду баҳо гузошта мешавад. Яке баҳои хонанда ва дигаре баҳои омӯзгор ва ин баҳо дар тахтаи синфӣ ё дар плёнкаи кодоскоп навишта ва ба хонандагон нишон дода мешавад. Дар журнали синфӣ баҳои омӯзгор гузошта мешавад.

 

Мавлоназар ҚОЗИЕВ,

ҷонишини директор

оид ба кори таълиму тарбияи

мактаби №2 –и ноҳияи Ишкошим     


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш