Нашрияи Омӯзгор

Нақши хадамоти психологӣ дар мактаб

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 879        Шарҳ: 0

 

Таҷрибаи давлатҳое, ки хадамоти психологиро дар мактаб ба таври бояду шояд ба роҳ мондаанд, нишон медиҳад, ки барои ташкил намудани муҳити солими психологӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия хадамоти мазкур нақши калидӣ мебозад.

Хадамоти психологӣ бевосита дар мактаб на танҳо бо хонандагон, балки бо омӯзгорону волидайни хонандагон низ бояд ҳамкории зич дошта бошад. Ин модули хадамоти психологӣ имкон медиҳад, ки психолог шахсияти хонанда ва рафтору мароми ӯро дар шароити муқаррарии таҳсил омӯхта, тавассути таҳлили амиқу хулосабарории дақиқ шахсияти ӯро низ баҳогузорӣ намояд. Инчунин, хусусиятҳои фардӣ-психологии ҳар як хонандаро омӯзад ва дар ҳолатҳои зарӯрӣ ба омӯзгорон, мураббиён ва падару модарон хусусиятҳои фардӣ-психологии онҳоро шарҳу тавзеҳ диҳад. Ин тарзи кор ба  психолог имконият медиҳад, ки ҳамарӯза бо хонандагон бошад ва дар ҳалли масъалаҳои пешмеомада ёрии заруриро  расонад.

Хушбахтона, баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ хадамоти психологӣ  ташкил ва роҳандозӣ шудааст.

Фаъолияти психолог дар муассисаҳои таълимӣ зарур ва муҳим аст, зеро тағйироти куллие, ки дар давраҳои буҳрони синнусолӣ дар мактаббача ба вуҷуд меояд, душвориҳо ва монеаҳои зиёде дар муносибат бо ҳамсолон, оила, атрофиёну омӯзгорон ва интихоби дурусти касбро рӯйи кор меорад. Маҳз тавассути тавсия ва кумаки психолог мушкилоти пешомада ҳалли мусбати худро пайдо менамоянд. Аз ин рӯ, ташкил ва фаъолияти хадамоти психологӣ дар мактаб тақозои замони муосир ба ҳисоб меравад.

Вазифаи асосии хадамоти психологӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани кори таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таълим, омӯхтани хусусиятҳои инфиродии хонандагон,  ташкил намудани муносибати солим миёни оила ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ,  муоширати созандаи омӯзгору мактаббача,  ташаккул додани маромҳои мусбати таълим, ба ҳисоб гирифтани  қобилият ва имкониятҳои психологӣ-тиббӣ дар раванди таълиму тарбия, интихоби дурусти касб, ёрии психологӣ ба омӯзгорон ва хонандагони мушкилоти психологию психикӣ дошта  ва амсоли инҳо мебошад.

Тадқиқоти психологӣ муайян намуданд, ки дар ҳар як давраи синнусолӣ имкониятҳои психикӣ мавҷуданд ва онҳоро бояд дар ҷараёни таълиму тарбия ба назар гирифт. Масалан, муайян шудааст, ки дар давраи синни хурди мактабӣ барои инкишоф ёфтани хусусиятҳои мақсадноки ҳолатҳои психикӣ, нақшаи ботинии амал, рефлексия, талабот ба фаъолияти фикрӣ ва маърифатӣ, азхудкунии малакаю маҳоратҳои таълимӣ ва ғайра давраи мусоид, яъне сензитивӣ ба шумор меравад. Дар ин давра вазифаи психологи  мактаб дар ҳамбастагӣ бо омӯзгорону волидайн аз он иборат аст, ки сари вақт ва фаъолона барои инкишофи имкониятҳои хонанда шароити мусоид фароҳам намоянд. Барои дар амал тадбиқ намудан ва ба инобат гирифтани хусусиятҳои психологии хонандагон аз тарафи омӯзгорон, мураббиён ва падару модарон хадамоти психологии муассисаҳои таълимӣ нақши калон доранд.

Аз ҳисоби фаъолият надоштани хадамоти психологӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҳанӯз аз синфи ибтидоӣ хонандагон гурӯҳбандӣ мешаванд, ки нодуруст  аст. Хонандагоне, ки қобилияти нисбатан пешрафта доранд, онҳоро як гурӯҳ ва хонандагоне, ки қобилияти суст доранд,  ба гурӯҳи дигар тақсим мекунанд. Ба гурӯҳҳо ҷудокунии хонандагон аз назари психологӣ дуруст нест, зеро он ба ташаккули шахсияти хонанда таъсири манфӣ мерасонад. Зарур аст, ки кӯдак дар баробари ба мактаб ворид шудан бояд худро бо ҳамсолону ҳамсабақон баробар ҳисоб кунад.

Барои гурӯҳбандӣ нашудани хонандагон мувозинатро нигоҳ доштан ва барои ба инобат гирифтани хусусиятҳои психологӣ ошкор намудани давраҳои буҳрони синнусолӣ, муайян намудани давраҳои сензитивии хонандагон аз тарафи омӯзгорону мураббиён, падару модарон ва умуман, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ хадамоти психологӣ нақши муҳим мебозад.

 

Зафар ҚАЮМОВ,

муҳаррири идораи

барномаҳои сиёсии

 “Телевизиони Тоҷикистон”,

Баҳрулло САИДЗОДА,

равоншиноси литсей-интернати

Презиентӣ барои хонандагони

болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш