Дар таърихи адабиёти рус адибоне бо эҷодиёти худ нақши мондагор гузоштаанд, ки дар ҳақиқат, осори онҳо қуллаи баланди эъҷоз ба шумор меравад.
Яке аз ин гуна нобиғаҳои адабиёти рус Николай Василевич Гогол мебошад, ки асарҳои вай кайҳо ба хазинаи тиллоии адабиёти ҷаҳон ворид шудаанд. Гогол дар муҳити оилавие тарбия ва ба камол расида буд, ки ба омӯзишу мутолиаи вай тамоми шароиту имконотро муҳайё намуда буданд. Дар вақти дар гимназия таҳсил карданаш зери ҳидояту роҳнамоии профессор Н.Белоусов дар таҳияи дастнависҳои адибон барои маҷалла иштирок мекард ва табиист, ки ин ошноӣ бо осори бадеии шоиру нависандагони давр ба тақдири минбаъдаи Гоголи ҷавон бетаъсир намонд. Тадриҷан вай ба иншои ҳикояву қиссаҳо мепардозад, аммо он навиштаҳо маҳбубият пайдо намекунанд. Танҳо соли 1830 дар маҷаллаи адабии машҳури Отечественние записки» повести нахустини ӯ таҳти унвони «Шабнишиниҳо дар назди хутори Диканки» ба нашр мерасад, ки диққати аҳли адаб, аз ҷумла, А.С.Пушкинро ба худ ҷалб менамояд. Пушкин баъд аз мутолиаи повест бо ифтихору тантана қайд мекунад, ки ин қисса маро мафтун кард. Баъдтар Пушкин бо Гогол аз наздик шинос мешавад ва ин вохӯрӣ баҳри пешрафту такомули эҷодии на танҳо Гогол, балки тамоми адабиёти рус ангезаю такони бузурге мебахшад. В.Белинский ба масъалаи таъсири Пушкин ба Гогол ишора карда, мегӯяд, онҳоро як омили умумӣ ба ҳам қарину муттаҳид кардааст: ин ҳам бошад, халқияти навиштаҳои онҳо маҳсуб меёбад. Дар воқеъ, дар повесту романҳои Гогол ҳимояти манфиатҳои мардуми одии рус мавқеи бузург дошта, нависанда дар офаридани образҳои қаҳрамононе, ки аз байни мардум баромадаанд, маҳорату ҳунари комили нигорандагӣ дорад. Асарҳои Н.Гогол бо забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардида, ба адибони тоҷик таъсири файзбахш расондааст.
Малоҳат Розиқова,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр