Нашрияи Омӯзгор

Ҷашни китоб

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Замоне дар яке аз мактабҳои шаҳри Роғун шуғли омӯзгорӣ доштам. Ҳамбаста ба корҳои дигар ба навиштани мақолаҳои методӣ машғул  мешудам гоҳ-гоҳе он айём. Силсилаи чунин мақолаҳоям дар нашрияҳои  ҷумҳурӣ ва дар шакли китобаки алоҳида ба табъ  расидаанд. Мақолаи методии «Ҷашни китоб»-ро соли 1988 бинвишта будам ва он  дар маҷаллаи  «Мактаби Советӣ» чоп шуда буд. Паёми  Пешвои миллат ва таваҷҷуҳи махсуси Президенти мамлакат водорам намуд, ки он мақоларо аз нав зери дасторам ва бо таҳрири ночизе ба дасти чоп супорам. Бовар дорам, барои омӯзгорони арҷманди кишвар судманд  хоҳад буд.

Китоб дӯсти наздиктарину беғарази мост. Бузургони мо беҳуда онро таърифу тафсир намуда, «ҷавшани ҷон», «чароғи раҳнамо» ва «аниси кунҷи танҳоӣ»-ву «фурӯғи субҳи доноӣ»-яш нахондаанд. Кашфи китоб худ инқилоби  азиме буд дар ҳаёти инсонҳо. Ниёгонамон ин маҳзани хирадро бо эътиқоди баланд мепарастиданд. Дар ҳар як хонадон муқаддастарин чиз китобе буд, дар меҳроб ё сандуқи хона. Пеш аз мутолиа китобро бо ихлосу эҳтироми том ба чашм мемолиданд, онро басо эҳтиёт мекарданд. Корвонҳо уштуре пуркитоб доштанду дар кӯлвори сафарии ҳар як раҳнавард дар паҳлуи нон китоб меистод, ба зери болини тифл китоб мемонданд, ба фарзандон китоб ҳадя менамуданд.

Мавқеи китоб, махсусан, дар мактаб хеле муҳим буда, агар образнок карда гӯем, китоб маснаднишини ин даргоҳ мебошад. Муваффақияти таълиму тарбия дар мактаб, аз ҷумла, аз он вобаста аст, ки шогирдон ба китоб то чӣ андоза муҳаббат ва чӣ гуна муносибат доранд. Мутаассифона, аз ин лиҳоз на дар ҳамаи таълимгоҳҳо вазъият мувофиқи матлаб аст. На ҳамаи шогирдон ба китоб муносибати хуб доранд ва онро эҳтиром мекунанд, ба қадраш мерасанд. Ҷавонҳои китоби бисёр синфхонаву рафҳои китобхонаҳо аксар пур ва китобҳои даридаву ифлосшуда мебошанд, ки қисми зиёди онҳо ҳанӯз муҳлати муқарраршудаи хизмати худро адо накардаанд.

Иқрор бояд шуд, ки гузаштан ба истифодаи иҷоравии китобҳои дарсӣ, ҳарчанд иқдоми басо ғамхоронаву сарпарастонаи ҳукуматамон буд, боиси боз ҳам коста гардондани эҳтиром  ва қадри китоб барои гурӯҳе аз шогирдон шуд. Аз тарафи дигар, бисёре аз хонандагон, махсусан, шогирдони хурдсоли мо аз қавоиди муносибат ба китоб бехабаранд.

Муҳаббат ва эътиқод ба китоб, муҳаббат ва эътиқод ба дониш ва хирад аст. Шогирдони мо ҳар қадар ба китоб наздик, анис бошанд, ҳамон қадар фаъолу пурдон хоҳанд шуд. Таълиму тарбия бе китоб тасаввурнопазир аст. Аз ин рӯ, тарғиби китоб, ташреҳи аҳамияту мақоми он дар мактаб яке аз омилҳои беҳдошти кори таълим мебошад. Воситаҳои тарғиби китоб зиёданд, вале  беҳтарину пурмазмунтарин ва муассиру судмандтарин чорабинӣ аз ин лиҳоз ҷашни китоб аст. Ташкил ва баргузории  Ҷашни китоб аз аҳамияти зиёде молик буда, пеш аз ҳама, чунин ҳадафҳо дорад:

1.Ташаккули муҳаббати китоб дар хонандагон;

2.Тавсифи китобҳо, аҳамият ва мавқеи онҳо;

3. Тарғиби эҳтиром ва муносибати эҳтиёткорона ба китоб;

4.Такмили маълумоти хонандагон оид ба таърихи китоб ва саргузашти китобҳо;

5.Ба китобхонӣ бештар ҷалб намудани шогирдон…

Ҷашни китоб тақрибан 2 соат тӯл мекашад (вақти асосӣ) ва кӯшиш бояд кард, ки он ҳар чӣ бештар муассиру пурмазмун ва мутантан бошад. Баҳри ин тайёрии ҷиддӣ ва барномаи дорои мундариҷаи дақиқу рангин мебояд. Масъулияти гузаронидани ин ҷашн, пеш аз ҳама, ба уҳдаи Шӯрои фаъолони китобхона, ҷамъияти «Дӯстдорони китоб», дафтари забону адабиёт вогузошта мешавад.

Аз ҷумла, ба тариқи зайл гузаронидани Ҷашни китоб хеле судманд хоҳад буд:

Ҷашнгоҳ. Он бо лавҳаву овезаҳо дар ситоиши китоб оро дода шудааст. Аз ҷумла, байту ҳикматҳои зер  дар намоёнтарин мавқеъ ба назар мерасанд:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб

аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб

аст.

***

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон

ёре нест.

Дар ғамкадаи замона ғамхоре

нест.

***

Китоб хонӣ-ҷаҳон донӣ.

Китоб - манбаи дониш.

***

Гӯшаи намоиши китобҳо хеле пуршукӯҳ аст. Дар он беҳтарин китобҳо бо шиносномаи мухтасар гузошта шудаанд: Асарҳои Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Мавлавӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ, Бедил, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Лоиқ, Бозор, Гулрухсор…

Ҳамчунин, гӯшаҳои «Ҳунари ороишу муқовабандии китобҳо». «Дар коргоҳи нашри китоб», «Лаҳзаҳо аз сужети китобҳо», «Тармимгарони китоб», «Китобҳои нав» ҷашнро пурмазмунтар мегардонанд. Аз радиои мактаб (ё магнитофон) сурудҳои дар ситоиши китоб, дониш, хониш, танинандоз аст. Зебоиву тароват ва пуршукӯҳии атроф яке аз хусусиятҳои ҷашнҳост.

Садри ҷашн китоб дар даст ба саҳна омада, аҳли ҷашнгоҳро аз оғози тантана хабар дода, чанд сухан дар ситоиши китоб иброз медорад (бо истифодаи қитъае шеър) ва ҳозиринро даъват намоянд, ки дар тантана фаъол ширкат варзанд. Сипас, зери мусиқии мутантан ба саҳна гурӯҳи хонандагон дар даст китобҳои гуногун мебароянд ва дар мавзӯи «Бузургон дар ситоиши китоб» суханварӣ мекунанд. Ҳангоми суханварии онҳо мусиқии фораму сабук оҳиста-оҳиста садо медиҳад.

Лаҳзаҳои зерини минбаъдаи ҷашнро баранда бо шавқу лутфи сухан,  қироати порчаҳои шеърӣ, мақолу латоиф ба ҳам алоқаманд месозад:

1.Баҳси китобҳо: чанд  номгӯи китобҳои дарсӣ (хонандагоне, ки дар пеши бари худ овезае аз расми муқоваи китобҳои дахлдор доранд) ба  ҳам баҳс мекунанд. Ҳар яке аз бартариву аҳамияти хеш  сухан мекунанд ва дар охир  ба чунин хулоса меоянд, ки ҳамаашон китобҳои хубу даркорианд ва умуман, китоби бад намешавад.

2.Китобҳои дӯстдоштаи мо: ҳар як иштирокдори ҷашн метавонад ба саҳна баромада, оид ба китоби дӯстдоштааш сухан кунад, аз ҷумла, чанд нафар аз китобҳои дӯстдоштаашон сурудҳо (бо мусиқӣ) месароянд ва гурӯҳи духтарон китоб дар даст мерақсанд.

Чанде дигар китоби дӯстдоштаашонро тавсиф намуда (мухтасар), лаҳзаи аҷоиберо аз он ба ҳозирон нақл мекунанд ва нақли худро дар ҷои хеле шавқовари ҳикоят қатъ намуда, ба ҳозирони ба шавқ омада муроҷиат карда мегӯянд, ки агар давоми воқеаро донистан хоҳед, ин китобро хонед. Ё худ, чанде аз хонандагон метавонанд дар симои (либоси) қаҳрамони асар лаҳзаеро аз сужети китоби дӯстдоштаашон иҷро намоянд.

Бо ҳамин роҳҳо ҳар хонанда чун  дар мусобиқае кӯшиш менамояд, ки бартарии китоби дӯстдоштаашро собит намояд.

3.Мусобиқаи дастаи «Тармимгарони китоб»: ду гурӯҳ, ҳар гурӯҳе 2-3 - нафарӣ. Шарти мусобиқа: кадом гурӯҳ китоби «ҷароҳатманд»-ро зудтар ва хушсифаттар  тармим менамояд.

4. Суҳбатҳо: «Китоб чӣ тавр тавлид меёбад?», «Қимати нашри китоб», «Китобхонаи шахсии ман», «Санъати китобсозии ниёгонамон».

Дар ин мавзӯъҳо бештар омӯзгорон ва меҳмонони ҷашн мухтасаран сухан мекунанд.

5.Бозиҳо: «Кӣ зуд меёбад?». Ин бозӣ ба тариқи суолу ҷавоб ҷараён меёбад ва ошкор менамояд, ки  кӣ бештар китобдону китобхон аст.

Суолҳо бояд ҷолибу шавқовар ва аниқ бошанд. Намунаи суолҳо:

А) Қаҳрамонҳои китобро мегӯям, номи онро ёбед;

Б). Ба ин расм нигаред (расми пешакӣ кашидашуда намоиш дода мешавад). Бигӯед, ки ин расм кадом лаҳзаи сужети кадом китобро (асарро) ифода кардааст;

В). Кадом нашрияҳоеро медонед, ки махсус ба тарғибу тавзеҳи китобҳо машғуланд?

Г) Ба инҳо нигариста, аниқ кунед, ки кадомашон қаҳрамони кадом асари бадеиянд? (дар саҳна се - чор нафар хонанда дар либоси қаҳрамонҳои ин ё он асари бадеӣ ҳозир мешаванд. Масалан, дар симои Восеъ, Ҳасани аробакаш, Қорӣ - ишкамба, Дон Кихот…) Ба фикри шумо, китоб чанд сол умр мебинад?

6.Мушоира: дар омехтагӣ бо саҳначаҳо оид ба  китоб ва китобхонӣ.

7.Суруду мусиқӣ шукӯҳбахши ҷашнанд. Аз ин рӯ, дар оғоз, байни лаҳзаҳои Ҷашн ва дар анҷоми он аз тарафи ҳам хонандагон (бештар) ва ҳам омӯзгорону волидон иҷро  намудани сурудҳо бо мусиқӣ ё рақс  дар ҳавои мусиқӣ ҷузъи бисёр муҳими Ҷашн мебошад. Албатта, то ҳадди имкон сурудҳо бояд ба мазмуну мундариҷаи Ҷашн мувофиқ бошанд.

Дар лаҳзаҳои мувофиқи ҷашн  волидон, меҳмонон, хонандагон оид ба китоб ва китобхонӣ, муносибат ба он сухан мегӯянд ва ҳамагон ба хулосае мерасанд, ки «хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест». Ин ҳолат, бешубҳа, мазмуну мундариҷа ва аҳамияти ҷашнро хеле меафзояд. Боз як лаҳзаи хеле ҷолиби ҷашн он аст, ки меҳмонон бо роҳбаладии омӯзгорон ва дар ҳузури худи хонандагон (дар гурӯҳҳо) китобҳои онҳоро аз назар мегузаронанд, аз вазъи онҳо огоҳ мешаванд, соҳибони китобҳои тозаву озодаро таъриф намуда, ба хонандагони китобҳояшон ифлосу дарида маслиҳатҳо медиҳанд, насиҳат мекунанд. Ба махсус шарҳ додани таъсирмандии ин лаҳза эҳтиёҷе нест.

Бояд гуфт, ки меҳмонони ҷашн метавонанд бо ҳадя (китоб, китобмонаки хурд, лавҳ (дастгоҳи миллии китобхонӣ) ва амсоли онҳо омада, дар фарҷом ба фаъолони ҷашн (хонандагон) тақдим намоянд.

Дар доираи Ҷашни китоб мувофиқи имкон ба коргоҳи нашри китоб ва мағозаи китоб, ба осорхонаи китоб, ба намоишгоҳҳои китоб ва китобхонаҳои шахсӣ саёҳатҳо низ метавон ташкил кард.

 

Абдурауф Муродӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш