Дар толори маҷлисгоҳи литсейи инноватсионии шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб бо иштироки директорони марказ, роҳбарони маҳфилҳои фаннии шаҳру ноҳияҳои минтақа ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” конфронси илмӣ- фарҳангӣ дар мавзӯи «Об - манбаи ҳаёт» доир гардид.
Зимни ифтитоҳи он Назаралӣ Ҳайдаров, директори Маркази таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб қайд кард, ки имрӯзҳо бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар, ҷумҳурии мо ба яке аз давлатҳои рӯ ба тараққӣ мубаддал гардида, дар ҳалли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳаётан муҳим, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши маводи мухаддир, норасоии оби ошомиданӣ... бетараф нест. Ҳабибулло Сангов, сардори раёсати МТИ-и минтақаи Кӯлоб изҳор дошт, ки имрӯз дар ҷаҳон минтақае нест, ки дар масъалаи захираҳои об мушкилот надошта бошад, зеро тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо об ва захираҳои он алоқаи зич доранд. Қурбоналӣ Назиров, мудири шуъбаи раёсати ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб, таъкид намуд, ки дар ҷаҳони муосир сол то сол масъалаи таъминоти об мушкилтар ва печидатар мегардад. Доир ба ин масъала чанд нафари дигар низ изҳори назар намуданд.
Ба ҳозирин наворҳои в деоӣ доир ба «Мушкилоти об” ва барномаи фарҳангии омоданамудаи аъзои маҳфили МТИ-и минтақаи Кӯлоб ва хонандагони литсейи инноватсионӣ намоиш дода шуд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр