Нашрияи Омӯзгор

Хизмат шараф аст

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Солҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ барои давлати ҷавони мо давраи ниҳоят душвор буд. Нарасидани техника, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва одитарин ҷузъиёти ҳарбӣ, аз қабили сару либос ва ҷойи хоби афсарону аскарон ҳар лаҳза эҳсос мешуд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин норасоиву мушкилот, 23 – юми феврали соли 1993 аввалин парад-намоиши ҳарбии Артиши миллӣ доир шуд ва афсарону сарбозони содиқу ватандӯст – ҷавонмардоне, ки бевосита ба хотири истиқрори сулҳ ва қатъи хунрезӣ сина сипар карда буданд, бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ аз он гузаштанд. 

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ таъсис ва рушду такомул ёфт. Бунёди Қувваҳои мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт.

   Имрӯзҳо Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар ҳама ҳолат амнияти миллатро таъмин намояд. Артиши миллии тоҷик ба дараҷаи кофӣ қудрату неру дошта, мамлакатро аз ҳама гуна қасди бади душманони дохиливу хориҷӣ ҳифз карда метавонад. Артиши миллӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст.

Артиш - сипари мамлакат, кафили амният ва зиндагии осоиштаи мардум маҳсуб мешавад.

   Сулҳу суботи кишвар, хотири ҷамъи модарон, табассуми тифлон ва хоби нози дилбаронро маҳз   мардони содиқу вафодор, ватандӯсту ватанпарвар ва қавидилу қавиирода ҳифз мекунанд.

Мардуми тоҷик барҳақ аз анъанаҳои пуршарафи Артиши миллӣ ифтихор мекунанд, зеро артиши мо аз оғози таъсисёбиаш то имрӯз нақши кафили амнияти кишвар ва рукни муҳими давлатдорӣ будани худро сарбаландона иҷро мекунад. Хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки ифтихор ва шарафи бузург аст. Артиш барои ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худшиносиву меҳанпарастӣ мебошад. Вазифаи ҳар яки мост, ки сулҳи пойдор, тамомияти арзии Тоҷикистони азиз ва ваҳдати миллии халқи шарафмандамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Аз ин рӯ, мехоҳем, ки ҷавонон ва шогирдонро дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарварӣ тарбия намуда, меҳру муҳаббати онҳоро баҳри ҳимояи Ватан – Модар афзун гардонем ва барои муҳофизати халқу кишвар сафарбар намоем. Чунки хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист ва ояндаи мо дар дасти ин ҷавонмардони далер қарор дорад.   

  

Мунира Тошматова,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики   мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди

шаҳри Хуҷанд


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш