Нашрияи Омӯзгор

Садоқат ба Ватан ва эҳсоси хештаншиносӣ

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Баъди пош хӯрдани  Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол гардид. Аз ибтидои соҳибистиқлолӣ бадхоҳони дохилию берунӣ бо дахолати давлатҳои хориҷӣ Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Сохторҳои фалаҷгардидаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ дар муқобили гурӯҳҳои ҷиноятпеша истодагарӣ карда натавонистанд.

Дар ин вазъият артише  лозим буд, ки давлату миллатро муҳофизат карда тавонад. Масъалаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ танҳо баъди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошта шуд ва ин ниҳоди муҳимми давлатӣ дар як муддати кӯтоҳ амалан дар ҷойи холӣ таъсис ёфт. Ҳангоми суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.02.2019) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: “Вақте ки қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ қабул гардид, мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассисону кадрҳои касбӣ”.

Ба душвориҳои зиёд нигоҳ накарда, заминаҳои асосии сохтори Артиши миллӣ дар соли 1993 гузошта шуд ва 23 феврали ҳамин сол аввалин паради ҳарбӣ доир гардид, ки ҳар сол ин сана ҳамчун санаи рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1997 аз се навъи қӯшун - қӯшунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ иборат буд. Дар тобеияти Вазорати мудофиа ҷузъу томҳои низомии алоҳида, ба монанди литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ амал мекарданд. Минбаъд дар заминаи ислоҳоти ҳарбӣ Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт. Қувваҳои ҳарбию ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ муттаҳид гардонида шуданд ва дар заминаи Коллеҷи олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис гардид. Бо дарназардошти таҳдиди хатарҳои муосир навъи сеюми Қувваҳои мусаллаҳ, ё худ Қӯшунҳои зудамал бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2003 дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Сершумортарин навъи Қувваҳои мусаллаҳ – Қӯшунҳои хушкигард соли 1993 ташкил гардид.

Имрӯз бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки Артиши миллӣ ҳамчун неруи муқтадир ва кафили амнияту осоиш, сулҳу суботи кишвар ташаккул ёфтааст.

Мусаллам аст, ки бе кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ ва соҳиби малакаи низомӣ ягон артиш муваффақ буда наметавонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи кадрҳои ҳарбӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, сафҳои онро бо хатмкунандагони академияҳои гуногуни ҳарбӣ, афсарони дорои маълумоти олии ҳарбӣ, инчунин, дастпарварони кафедраҳои ҳарбии мактабҳои олӣ такмил дод. Айни замон зиёда аз 600 нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактабҳои олии ҳарбии кишварҳои Россия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон таҳсил доранд.

Аз давраи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ то ба ин рӯз беш аз 5000 нафар ҷавон муассисаҳои олии ҳарбии мамлакат ва беш аз 600 нафар академияҳои ҳарбиро хатм кардаанд. Ҳоло зиёда аз 90  дарсади афсароне, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд, хатмкардагони донишкадаву академияҳои ҳарбӣ, яъне, мутахассиси соҳаи низомӣ мебошанд.

Дар таълимгоҳҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1400 нафар таҳсил доранд ва муассисаҳои номбурдаро ҳар сол 350 нафар хатм менамоянд. Вазорати мудофиа ҳар сол дар асоси қарордод беш аз 200 нафар хизматчии ҳарбиро ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии давлатҳои пешрафта мефиристад. Ҳамасола беш аз 150 нафар афсар дар хориҷи кишвар ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта мешаванд.

Ҷаҳони муосир пур аз тазодҳост ва муборизаҳо барои дарёфти манфиатҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, геополитикӣ ва иқтисодӣ шадидтар мегардад. Дар ин вазъият зарур аст, ки масъалаи баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносӣ, ватандӯстию садоқат ба давлату миллат дар меҳвари  диққати ҳама ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дошта бошад.

Зубайдулло ДАВЛАТОВ,                                 

корманди Маркази тадқиқоти             

стратегии назди Президенти 

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш