Нашрияи Омӯзгор

Артиши мо тавоност

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи Истиқлолият буда, дар шароити вазнини таърихӣ таъсис ёфтааст.Мутаассифона,  вазъи душвори ҳарбӣ – сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ бархурдор гардад.

Он замон дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт ва милликунонии он метавонист сабабгори васеъ ва тӯлонӣ гардидани ин муноқиша гардад. Раванди ҳодисаҳои баъдӣ собит намуд, ки дар ихтиёри Россия мондани дивизияи 201 – ум ягона роҳи ҳалли дуруст ва ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст.

Айни замон дар Қувваҳои Мусаллаҳ гузаронидани ислоҳоти ҳарбӣ идома меёбад. Намуди нави Қувваҳои Мусаллаҳ қувваҳои зудамал бе афзоиши теъдоди умумӣ таъсис гардид. Қувваҳои ҳарбӣ – ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ муттаҳид шуданд. Чунин навгониҳо, пеш аз ҳама, ба болоравии омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ ва таҳкими қобилияти онҳо баҳри тағйирёбии вазъияти ҳарбӣ – сиёсӣ, яъне мутобиқ сохтани аксуламали фаврӣ равона шудаанд.

Тибқи маълумотҳо дар Вазорати мудофиа усулҳои камхарҷу пурсамари таълими ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани малакаи ҷангӣ ва обутоби ҷисмонии аскарон амалӣ мегардад. Дар назди ҳар як қисми ҳарбӣ марказҳои таълимӣ, майдончаҳои машқӣ амал мекунанд, ки ба омодагии ҷангии кӯшунҳо ва самарабахшии машқҳои таълимию машғулиятҳо мусоидат менамоянд. Мусаллам  аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол дар ҳифзи суботу амнияти худ ба Артиши миллӣ такя мекунад. Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчунин. Таърихи бистуҳафтумин солгарди Артиши миллии ҷумҳурӣ собит менамояд, ки ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди милллат, барои ба эътидол овардани вазъи душвори мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот хизматҳои беназир намудааст.        

 

Дилбар Авезова,

омӯзгори забони англисӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш