Нашрияи Омӯзгор

ДЭТ: сафи олимон меафзояд

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Хайрулло Назарзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки таълимгоҳ бо 36 муассисаи таҳсилоти олии хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ дорад. Дар асоси ин шартномаҳо 15 омӯзгори донишкада дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар таҳсил доранд. Айни ҳол дар хориҷи кишвар тавассути квотаи байналмилалии Президентии «Дурахшандагон» 4 нафар, квотаи Федератсияи Россия 1 нафар, буҷаи Федератсияи Россия 9 нафар ва маблағҳои махсуси донишкада 1 нафар таҳсил мекунанд. 10 нафар унвонҷӯи донишкада рисолаи номзадиашонро дифоъ намуда, инчунин, 10 нафари дигар марҳилаи пешаздифоиро дар муассисаҳои таълимии дохил ва хориҷи кишвар ба анҷом расонид. Дар донишкада 2269 донишҷӯ аз рӯйи 15 ихтисос дар факултаҳои электроэнергетикӣ ва электромеханика, иқтисод ва сохтмон таҳсил доранд.

С. АЗИЗӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш