Нашрияи Омӯзгор

ДДХ: 22 ихтисоси нав таъсис дода мешавад

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат карданд.

Ҷ.Ҷӯразода иттилоъ дод, ки ҳоло аз рӯйи 80 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 31 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил ҷараён дорад.  Ректори донишгоҳ гуфт, ки дар соли равон факултаҳои психология ва таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ва кафедраҳои назария ва методикаи тарбияи томактабӣ, педагогика ва психологияи томактабӣ, фарҳангшиносӣ таъсис ёфтанд. Ҳамчунин, раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки дар соли таҳсили 2020-2021 22 ихтисоси наву замонавии дигарро таъсис диҳад. 

Бояд гуфт, ки донишгоҳ, дар маҷмӯъ, бо 48 донишгоҳ ва ташкилотҳои илмӣ -тадқиқотии хориҷӣ дар асоси шартномаҳо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш