Нашрияи Омӯзгор

237 шартнома ба имзо расид

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеи рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Муовини директор оид ба таълими донишкада, дотсент Хуршед Мақсудов оид ба фаъолияти муассиса дар соли 2019 иттилоъ дод.

Зикр гардид, ки соли 2019 дар озмуни “Ихтироъкорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон” ҷиҳати дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори маркази технологияҳои компютерӣ Парвиз Солиев иштирок варзида, соҳиби ҷоми озмуни ҷумҳуриявии “Ихтироъкорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон” гардид. Магистранти курси 1 Н.Ғаниев дар озмуни лоиҳаҳои инноватсионии вилоятӣ сазовори ҷойи дуюм гашт.

Дар ин давра хобгоҳи донишкада ба пуррагӣ таъмир гашта, соҳиби 450 ҷой ва 8 ошхонаи замонавӣ аст. Дар он ҳамаи шароити зист барои зиндагӣ, таълим ва истироҳат муҳайё карда шудааст.

Миқдори умумии шарт-номаҳои бо муассисаҳои таҳсилоти олии ҷаҳон басташуда ба 237 расид, ки он имконият медиҳад, донишҷӯён ва устодони донишкада дар муассисаҳои олии пешоҳанги дунё таҳсил ва коромӯзӣ намоянд.

 Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш