Нашрияи Омӯзгор

Марҳилаи нави рушди донишгоҳ

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 828        Шарҳ: 0

 

Нишасти матбуотии ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Муъмин Шарифзода бо намояндагони васоити ахбори омма оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар соли 2019 баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ (дипломатия), молия ва қарзи донишгоҳро падидаи муҳим ва дастоварди арзандаи муассиса дар нимсолаи аввали соли равон маънидод кард.

Дар самти таҳким бахшидани иқтидори илмӣ ва ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникӣ дар соли сипаришуда як нафар рисолаи докторӣ ва 13 нафар омӯзгори ҷавон рисолаҳои номзадиро бомуваффақият ҳимоя намуданд.

Соли 2019 гурӯҳи калони донишҷӯёни донишгоҳ дар чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ, дар як қатор шаҳрҳои Россия қувваозмоӣ карда, сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Донишҷӯ Шодибек Шоҳимардонов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар намуди варзиши сабук иштирок намуда, сазовори медали тилло гашт.

Ҳамчунин, рӯзноманигорон, вобаста ба сифати таълиму тарбия дар донишгоҳ, тарзу усули гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ ва талаботи он, вазъи моддиву техникии донишгоҳ ба ректор суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш