Нашрияи Омӯзгор

Комёбиҳои донишгоҳ зиёданд

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

 

- Барои филиали ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе соли 2019 самарабахш буд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори иҷроияи ин муассисаи таълимӣ, доктори илми физика - математика  Сайъало Мирзоев. -Дар ин давра гузаштан аз аттестатсияи Хадамоти давлатӣ дар соҳаи маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузариш ба стандартҳои нави давлатии федералии таҳсилот (3 ++), тавсияи хатмкунандагон ба магистратура, ҳимояи як рисолаи докторӣ ва як номзадӣ, ҷашни бошукӯҳи 10 - солагии филиал, иштирок дар конфронсҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, нашри корҳои илмӣ – татқиқотӣ, дипломҳо ва медалҳои олимпиадаҳои сатҳашон гуногун ва монанди ин аз ҷумлаи комёбиҳо дар як соли охир маҳсуб меёбад.

С. Мирзоев, ҳамчунин,  иброз дошт, ки давоми сол филиал бо ташкилоту корхонаҳои «Ориёнбонк», «Маркази илм ва фарҳанги «Россотрудничество»,  ТАЛКО «Кэмикэл», Институти лоиҳакашии сохтмони роҳҳои назди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии «САНИИОСП» ва ғайра таҷрибаомӯзии шогирдонро ба роҳ монда, илмро бо истеҳсолот пайваст намуд.

Барои беҳтар  сайқал додани дониш ва маҳорати донишҷӯён китоб нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, ба зиёд гардидани теъдоди китобҳои дарсиву бадеӣ дар ин ҷо аҳамияти бештаре дода шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 7095 адад адабиёти гуногун ба истифодабарандагон пешниҳод гардидааст. Бар замми ин, китобхонаи электронӣ ҳам теъдоди зиёда аз нуҳ ҳазор адад адабиёти таълимӣ, илмӣ ва бадеиро дар бар гирифтааст. Дар соли 2019 аз манбаъҳои гуногун (харидорӣ ва ҳадяҳо) ба фонди китобхона зиёда аз 1466 нусха адабиёт ворид гардид. 

Чунонки қайд гардид, дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён, ки онро АИ ҶТ гузаронд, аз рӯйи ҳафт фанни таълимӣ довталабон ширкат намуданд ва дар байни бештар аз 30 муассисаи олии кишвар дастаи олимпии филиал сазовори панҷ ҷойи ифтихорӣ гардид. Усули дигар иштирок дар олимпиадаҳо,  интернет – олимпиадаи байналмилалист, ки дар даври сеюми он (аз  математика) донишҷӯйи курси сеюми равияи математикаи амалӣ ва информатика Самаки Вализода дар номинатсияи «Ғолиби мусобиқаи миллӣ» соҳиби диплом гашта, сазовори медали биринҷӣ гардид.

Директори иҷроия тибқи суолҳои рӯзноманигорон оид ба фаъолияти тарбиявӣ, байналмилалӣ, ташкили курсҳои ихтисос, хоҷагидорӣ ва  ғайра иттилои муфассал дод.         

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш