Нашрияи Омӯзгор

ММТ фаъолияти густурда дорад

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

- Имсол  Маркази  миллии тестии   назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ аз 1- уми октябр то 2 – юми ноябри соли 2019 имтиҳонҳои озмоиширо бо иштироки  хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 – уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир кард, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори марказ Хуршед Икромӣ. – Мақсади баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ шинос кардани хатмкунандагон бо тартиби имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба  муассисаҳои таълимии таҳсилоти  миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла, тарзи иҷрои тест ва пур кардани варақаҳои ҷавобҳост. Дар имтиҳонҳои озмоишӣ китобчаҳои тести қисми А (имтиҳонҳои умумӣ), ки се субтест бо  забони тоҷикӣ, математика ва асосҳои давлат ва ҳуқуқро дарбар мегирад, инчунин, варақаҳои ҷавобҳо ба иштирокдорон дар шакле, ки дар имтиҳонҳои воқеӣ истифода мешаванд, пешниҳод гардиданд.

Рӯзноманигорон оид ба тағйироту навгонӣ дар  самти қабули довталабон пурсон шуданд. Х. Икромӣ афзуд, ки яке аз навгониҳои ИМД дар соли 2019 – ум ба роҳ мондани қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти  умумии  асосӣ (синфи 9) тавассути ин имтиҳонҳо буд. Вобаста ба ин, шумораи  умумии довталабони дар ду марҳалаи бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД – 2019 дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумии  асосӣ (с. 9) номнависшуда ба 9142 нафар расид.

Дар нишаст, ҳамчунин,  аз хусуси довталабони имтиёздор сухан рафт. Гуфта шуд, ки рӯйхати ҳар яке аз гурӯҳҳои довталаби имтиёздорро бо пешниҳоди марказ мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор тасдиқ мекунад. Инҳо  ятимони кулл ва бепарасторон, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, фарзандони  хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидаанд, маъюб ё бемор шуда, бар асари он фавтидаанд, шахсоне, ки дар соҳаи санъату фарҳанг ва варзиш дастовард доранд, шахсони дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро пурра адо карда, ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва ё байналмилалианд,  ба ҳисоб мераванд.

Бояд гуфт, ки марказ бо мақсади такмили низоми ИМД тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳониро вобаста ба гурӯҳҳои ихтисосҳо бо дарназардошти танҳо як маротиба имтиҳон супоридани довталабони дорои таҳсилоти миёнаи  умумӣ (синфи 11 – ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия намуд. Лозим ба зикр аст, ки ин гуна имтиҳонҳо дар кишварҳои дигар низ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи  махсуси ҷомеаҳои илмӣ ва шаҳрвандӣ қарор дошта, дар ҳар давраи муайян дар ин имтиҳонҳо тағйироти такмилдиҳанда  ворид карда мешавад. Тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, ки тибқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст, дар муқоиса бо тарҳи пешин бартариҳое дорад, ки ба манфиатҳои довталабон аст.

Хуршед Икромӣ вобаста ба саволҳои рӯзноманигорон доир ба   паҳлуҳои дигари  фаъолияти  марказ посухҳои мушаххас дод.

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш