Нашрияи Омӯзгор

Зарарҳои молиявӣ барқарор мешаванд

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

Директори Агентии назорати  давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Сулаймон Султонзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти  ин ниҳод ба рӯзноманигорон  нишасти  матбуотӣ доир намуд. Гуфта шуд, ки дар соли сипаригардида дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои молиявӣ аз  тарафи мутахассисони Агентии назорати давлатии  молиявӣ ва мубориза бо  коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 1102 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронда, бештар аз 684 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст.

Бино ба иттилои С. Султонзода, дар  давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 249 ҷиноят, соҳаи маориф ва илм 122 ҷиноят, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 135, нақлиёт 17, кишоварзӣ 32, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 64, саноат ва технологияҳои нав 8, молия 7, кумитаҳои давлатии идораи замин ва геодезӣ 87, андоз 19, меъморӣ ва сохтмон 8, соҳибкорони инфиродӣ  403 ва дигар идораю корхонаҳо 339 ҷиноят содир гардидааст.

Директори агентӣ барои коҳиш ёфтани ҳодисаҳои коррупсионӣ рӯзноманигоронро ба ҳамкорӣ даъват намуд.

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш