Нашрияи Омӯзгор

Бадахшон шукуфон мешавад

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Солҳои 90-уми асри гузашта буд. Роҳҳо дар минтақаҳои кӯҳсор баставу тай кардани онҳо вақти бисёрро талаб мекарданд. Мардум барои  то пойтахти кишвар расидан хеле азобу машаққат мекашиданд.

Афсӯс, ки дере нагузашта, соли 1992 дар ҷумҳурӣ душманони миллати тоҷик дар байни аҳолӣ низоъҳои диниву маҳаллиро авҷ дода, гирдиҳамойиҳоро ташкил намуда, ҷанги хонумонсӯзро  ба амал оварданд. Ҳолати ногувор то охири солҳои 90-уми асри ХХ давом карда, иртиботҳои транзитии байни вилоятҳои Тоҷикистон маҳдуд гардида буд.

Аҳолии вилояти Бадахшон дар қатори дигар минтақаҳо аз маҳдудияти иртиботи транзитӣ азият кашида, танҳо барои сафар кардан ба шаҳри Душанбе 2-3 рӯзро тай менамуданд. Дар баробари ин мушкилиҳо, мардум зарари моддиву пулӣ медиданд. Таърих гувоҳ аст, ки соли 2000-ум дар қаламрави кишвар вазъият тамоман дигар шуда, сохтмонҳои роҳҳо ва объектҳои азим, ба монанди НБО-ҳои хурду калон, мактабҳо, донишкадаву донишгоҳҳо ва корхонаҳои саноатӣ авҷ гирифтанд. Имрӯз мардуми Бадахшон ва Суғду Хатлон бе монеа ба пойтахти кишвар дар муддати кӯтоҳ ҳозир шуда, проблемаҳои худро бартараф менамоянд. Робитаи байни минтақаҳо дубора барқарор шуда, ҷавонон мунтазам вохӯриҳо гузаронида, аз ҳаёти якдигар аз наздик шинос мешуданд. Қайд кардан зарур аст, ки дар як муддати кӯтоҳ дар худи Бадахшон чанд кӯпрук дар дарёи Панҷ сохта ба истифода дода шуда, рафту омади аҳолии минтақаи Бадахшонро бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон осон гардонид, чунки солҳои тӯлонӣ рафтуомади хешу таборон мушкил буд.

Айни замон, бадахшониҳо дар 12-14 соат роҳи Душанберо тай мекунанд ва аз ин фурсати муносиб истифода намуда, мардуми меҳмондӯсти Бадахшон ҷавонони дигар минтақаро ба вилоят даъват менамоянд, то манзараи кӯҳсору табиати бойро тамошо кунанд. Имрӯз, ҷавонон дар сомонаҳои интернетӣ ба меҳмондории мардуми Помир баҳои баланд дода, тасаввуроти худро ба қалам медиҳанд. Ҷавонон аз «ширчой»-и помирӣ ёд карда мегӯянд, ки лаззати он фаромӯшнашаванда аст. Дубора ба хотири мардуми меҳмоннавози Помир ва «ширчой» тайёранд ба ин мавзеъ сафар намуда, лаззати онро бичашанд.

Ҳамзамон, ВМКБ солҳои рушди туризм ва сайёҳиро дуруст дарк ва истифода намуда, дар шаҳру ноҳияҳои минтақа меҳмонхонаҳои замонавии барҳавою дилкашро барои истифода қарор доданд. Инчунин, дар ноҳияи Рӯшон, ба наздикӣ варзишгоҳи марказии замонавӣ сохта ба истифода дода хоҳад шуд, ки дар оянда ҳамаи ҷашнҳои давлатӣ дар ин ҷо таҷлил карда мешавад.

Инчунин, аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳову семинарҳо баргузор гардида, ҷаҳонбинии ҷавонони мамлакатро васеъ ва онҳоро сарҷамъ мекунанд. Чунин барнома аз тарафи кумитаи мазкур мунтазам таҳия ва амалӣ карда мешаванд.

Дар оянда Бадахшон ба як марказе табдил хоҳад шуд, ки ҷавонони шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказро дар худ муттаҳид сохта, дар гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз дар якҷоягӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

 

Фазила ГУЛМАМАДОВА,

мудири Осорхонаи

ноҳияи Мурғоб,

Аълочии фарҳанги

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш