Нашрияи Омӯзгор

Мушкилотро ҳал бояд кард

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Почохон Зарифӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки бунёди синфхонаҳои илова дар муассисаҳои таълимии №40 ва №60 аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ дар арафаи анҷомёбист. Мавсуф афзуд, ки сохтмони бинои дуошёнаи таълимӣ барои 180 ҷойи нишаст дар як баст бо маблағгузории Ҷумҳурии Олмон дар муассисаи таълимии №11, 11 синфхона дар мактаби №8, 10 синфхона дар мактаби №10, 12 синфхона дар назди муассисаи таълимиии №28 идома дорад. Хонандагони мактабҳои ноҳия дар озмунҳои гуногун соҳиби 25 ҷойи ифтихорӣ шудааанд. Ба 15 омӯзгори ҷавон ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд.

Номбурда қайд намуд, ки дар ноҳия муассисаҳои таълимии №№39,55 ва 56 бо барқ таъмин нестанд. Ҳамчунин, соли 2019 18 346 сомонӣ маблағ барои сафарбар намудани омӯзгорон ба курсу семинарҳо пардохт нашудааст.

- Мушкилоти дигар, нарасидани ҷойи нишаст, мизу курсӣ, маблағгузорӣ нашудани барномаҳои давлатӣ ва эҳтиёҷ ба муаллимони фанни забонҳои хориҷӣ  мебошад, -  гуфт раиси ноҳия.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш