Нашрияи Омӯзгор

Таъмини 74 мутахассиси ҷавон бо ҷойи кор

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Бозоралӣ Одиназода дар нишасти матбуотӣ вазъи маорифи ноҳияро мавриди баррасӣ қарор дода гуфт, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии ноҳия нисбат ба солҳои пеш беҳтар гардидааст. Муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои сатҳи вилоятӣ сазовори  4 медали тилло, 12 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ соҳиби 1 медали нуқра ва дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои дақиқ 3 нафар сазовори медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гаштанд.

Дар нишаст қайд гардид, ки барои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаи таълимии №44 4 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, сохтмони муассисаҳои таълимии №№42,43,51 ва 6 синфхонаи иловагӣ дар назди гимназияи давлатӣ идома дорад. Тибқи нақша дар солҳои 2018- 2021 барои рушди  соҳаи маориф 45 миллиону 565 ҳазору162 сомонӣ пешбинӣ шудааст. 74 мутахассиси ҷавон, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия фиристода шуда буданд, ба ҷойи кор таъмин гардиданд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш