Омӯзгорони фаъол дар тақвияти фаъолияти таълимгоҳҳо нақши муҳим ва таконбахш доранд. Дар мактаби рақами 12-и Ҷамоати деҳоти Хурмии шаҳри Панҷакент Ороста Оқилова аз ҳамин гуна омӯзгорон аст.
Бо ибтикори ӯ дар ин муассисаи таълимӣ мунтазам чорабиниҳои гуногун баргузор карда мешаванд. Ҳафтаи гузашта бо ташаббуси ин омӯзгори соҳибистеъдод дар синфе, ки роҳбарӣ мекунад (шашум), маҳфили шеъри устод Лоиқ баргузор шуд, ки дар он қисмате аз аҳли дабистон, гурӯҳе аз волидон ва чанде аз меҳмонон ширкат варзиданд. Барномаи маҳфил хеле рангину муассир ва маърифатбахш буд ва аз ҷумла, бахшҳои қироати намунаҳо аз ашъори Лоиқ Шералӣ, саҳначаҳо аз давраҳои ҳаёти эҷодиёти шоир, тафсири «Модарнома»-и ӯро дар бар мегирифт. Хонандагони алоҳида дар нақши шогирди устод Лоиқ, шоираи маъруф Фарзона дар ситоиши устод суханронӣ ва дар нақши дӯстони ҳунарвари устод, ҳофизони номавар Ҷӯрабек Мурод ва Афзалшо Шодӣ сурудхонӣ карданд. Қироати намунаҳо аз ашъори дар ситоиши устод Лоиқ эҷоднамудаи шоирон аз лаҳзаҳои пуртаъсири ин маҳфили хотирмон буд.
Дар фароварди маҳфил мушовири шуъбаи маорифи шаҳр Насрулло Ҳақбердиев ва сарвари таълимгоҳ Даврон Тоҷиев суханронӣ карда, ба маҳорату истеъдоди хонандагон баҳои баланд доданд ва ба чанде аз фаъолони маҳфил ҳадяҳо тақдим намуданд.
Саъдуллои РАЗЗОҚ,
рӯзноманигор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр