Нашрияи Омӯзгор

21 мактаб бунёд мегардад

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Темурмалик Ф. Аминзода иброз дошт, ки раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия мувофиқи мақсад ба роҳ монда шудааст. Дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» дар ноҳия бунёди 21 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол бунёди бинои муассисаи таълимии №1-и шаҳраки Совет барои 640 хонанда бо маблағгузории Бонки Исломии Рушд ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №№4,18, сохтмони толор ва майдончаи варзишӣ дар муассисаи таълимии №6  ба тариқи ҳашар ва таъмири комили муассисаҳои таълимии №№3,39,2,1,2 аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ идома дорад. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо кабинетҳои химия, биология ва физика ташкил карда шуданд. Барои мактабҳои  ноҳия 46 адад компютер, 8 адад тахтаи электронӣ ва 16 адад проектор харидорӣ шудааст.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш