Нашрияи Омӯзгор

Натиҷаҳои  фараҳбахш

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси ноҳияи Восеъ Шералӣ Ҳасанзода фаъолияти шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳияро мусбат арзёбӣ намуд. Бунёду таҷдид ва таъмиру нигоҳдории муассисаҳои таълимӣ яке аз масъалаҳои асосиест, ки имрӯз  дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Дар соли сипаригардида 5 синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №№15, 51, 58, 6 мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатманд сохтмони 45 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия бо фарогирии  1350 ҷойи нишаст дар як баст  идома дорад. Тайи се соли охир таъсиси муассисаҳои томактабӣ дар ноҳия хеле рушд ёфта, аз як муассисаи томактабӣ то ба 8 муассисаи томактабӣ расонида шуд, ки имрӯз дар ин муассисаҳо 603 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»

  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш