Нашрияи Омӯзгор

Оғози сохтмони мактаби нав дар Чилдухтарон

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Тоҳирхон Амиршозода, раиси ноҳияи Муъминобод зимни нишасти матбуотӣ қайд намуд, ки аҳли маорифи ноҳия дар таълиму тарбияи насли наврас ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар соли 2019 натиҷаи санҷишҳои рейтингӣ дар ҷамъбасти сол муайян кард, ки баҳои умумии хонандагони ноҳия 3,9 балро ташкил намуд. Мавриди зикр аст, ки дар соли 2019 синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №№26,35 ва 46 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Инчунин, сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ дар деҳаи Кӯлчашма барои 240 ҷойи нишаст дар як баст ва дар деҳаи Чилдухтарон барои 350 ҷойи нишаст дар як баст оғоз гардид. Мавсуф, ҳамчунин, дар бораи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то соли 2021 дар шаҳраку деҳоти Муъминобод 178 иншооти таъйиноти иҷтимоӣ, марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла, 23 муассисаи таълимӣ ва 14 муассисаи томактабӣ пешбинӣ шуда, дар ин самт корҳои бунёдкорию созандагӣ оғоз гардидааст.

Дар соли 2019 сохтмони лагери истироҳатӣ - фароғатӣ дар деҳоти ба номи Нуралишо Назаров барои 400 нафар кӯдаку наврас бо маблағгузории буҷаи ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои лоиҳакашӣ  оғоз шудааст.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш