Нашрияи Омӯзгор

40 адад компютер харидорӣ шуд

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

Раиси ноҳияи Ховалинг Парвиз Акрамзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба соҳаи илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ ва омӯзиши технологияҳои муосирро ба роҳ мондааст. Дар соли сипаригардида 114 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори 10 медали тилло, 12 медали нуқра ва 55 медали биринҷӣ гардиданд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бошад, соҳиби 1 медали нуқра ва 4 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ дар соли 2019 40 адад компютер ба муассисаҳои таълимии ноҳия харидорӣ шуд. Дар ноҳия 2 муассисаи таълимӣ дар деҳаи Обидара ва Ҳалқаёр дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Дар ин давра сохтмони як муассисаи томактабии хусусӣ барои 100 кӯдак дар деҳаи Сиёфарк оғоз ёфт.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш