Нашрияи Омӯзгор

Фархор: омӯзгорони ҷавон дастгирӣ меёбанд

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

- Соли 2019 шуъбаи маорифи ноҳия баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия як қатор корҳоро анҷом додааст, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Фархор Р. Раҳматзода.

Номбурда афзуд, ки айни ҳол дар ҳудуди ноҳия 66 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 2 литсей, 2 гимназия, хонаи бачагон ва 10 муассисаи томактабӣ мавҷуд аст.

ҳоло 17 мактаб дар ҳолати садамавӣ буда, 25  муассисаи таълимии дигар ба азнавсозӣ эҳтиёҷ доранд. Мавриди зикр аст, ки барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таълимии №10 осорхона, дар гимназияи давлатии №1 китобхона ва дар муассисаҳои таълимии №№5,20,38, 52 синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шудааст. Сохтмони бинои муассисаҳои таълимии №№ 2,4 ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №№ 12,36, 47 идома дорад. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» дар соли 2019 15 омӯзгори ҷавон бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш