12 феврали соли равон бо иштироки намояндагони ВАО дар филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСиС» дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Директори филиал Раҳимҷон Саидзода қайд намуд, ки айни замон дар «МИСиС» 906 нафар донишҷӯ (406 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 500 нафар дар шуъбаи ғоибона) ба таҳсил фаро гирифта шуда, теъдоди донишҷӯёне, ки тариқи буҷавӣ таҳсил мекунанд, 110 нафарро ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки шаш донишҷӯи «МИСиС» дар донишгоҳҳои пешрафтаи Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон таҳсил менамоянд. Ҳамасола ҷиҳати интихоби довталабон барои таҳсил дар хориҷи кишвар озмун эълон мегардад. Аз ҷониби устодони муассиса барои донишҷӯёни равияи металлургия мунтазам дарсҳои назариявии мустақим (онлайн) гузаронида мешавад.
Намояндагони ВАО ба стандартҳои таълимӣ, қоидаҳои қабули довталабон, муҳайё намудани шароити зист барои кормандону донишҷӯён, омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, дар бораи базаи моддию техникӣ, курсҳои тайёрӣ дар филиал ва ғайра таваҷҷуҳ намуданд.
Дилафрӯз Қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр