Нашрияи Омӯзгор

ҚОИДАҲОИ қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2020- 2021

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 892        Шарҳ: 0

 

Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.01.2020, №2/19 тасдиқ карда шудааст

Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2020-2021 дар асоси моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таҳия карда шудааст.

1. Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ ва шахсони бетабааи муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

2. Ба ихтисосҳои гурӯҳҳои буҷавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

3. Бо довталабоне, ки ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ ба гурӯҳҳои таҳсилашон ройгон дохил мешаванд, қарордоди сеҷониба ба имзо расонида мешавад. Дар қарордод имзои волидайн (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ҳатмӣ мебошад. Тибқи ин қарордод донишҷӯ баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо роҳхат ба кор фиристода мешавад. Дар мавриди иҷро нагардидани бандҳои ин қарордод маблағи таҳсил аз тарафи хатмкарда (мутахассиси ҷавон) ба буҷаи давлат баргардонида мешавад.

4. Ба гурӯҳҳои шартномавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, ки ҳуҷҷати баробарэътирофии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ доранд, қабул карда мешаванд.

5. Бо довталабоне, ки ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ тариқи шартномавӣ ба гурӯҳҳои таҳсилашон ғайриройгон дохил мешаванд, қарордоди дутарафа байни довталаб ва муассисаи таълимӣ дар бораи таҳсил дар гурӯҳҳои шартномавӣ баста мешавад.

6. Шахсоне, ки ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи хатми мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ надоранд (дар ҳуҷҷати намунаи давлатии муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ қайд нашуда бошад), ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул карда намешаванд.

7. Довталабон дар як вақт танҳо ба як муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқи ҳуҷҷат супориданро доранд.

8. Ба шакли таҳсили рӯзона, ғайр аз ихтисосҳои алоҳидаи муассисаҳои соҳаи фарҳанг, шахсони синнашон то 30-сола ва ба шуъбаи ғоибона ва шабона танҳо бо таҳсилоти миёнаи умумӣ бе маҳдудияти синну сол довталабон қабул карда мешаванд. Қабули довталабон ба муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шакли шуъбаи ғоибона ва шабона бо таҳсилоти умумии асосӣ қатъиян манъ аст.

9. Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ ва тариқи шартномавӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи замимаи иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

10. Бо мақсади қабули ҳуҷҷатҳои довталабон, ташкил ва гузаронидани имтиҳони қабул (барои муассисаҳое, ки довталабонро бидуни Маркази тестӣ қабул менамоянд) ва суҳбат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ комиссияи қабул таъсис дода мешавад. Раиси комиссияи қабули муассисаи таълимӣ директори он мебошад. Дар вақти набудани раис ваколатҳои ӯ ба зиммаи ҷонишини раис (ҷонишин оид ба таълим) гузошта мешавад.

11. Директор аз ҳисоби омӯзгорони таҷрибадор, деканҳо, мудирони кафедра ва шуъбаҳо котиби масъули комиссияи қабулро баъд аз мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин менамояд. Котиби масъули комиссияи қабул, ҷонишин ва котибони техникӣ аз ду сол зиёд пайи ҳам таъйин карда намешаванд. Ҷойивазкунӣ байни котиби масъул, ҷонишин ва котибони техникӣ манъ аст.

12.Вазифаи котиби масъули комиссияи қабул иборат аз:

- ташкил намудани гӯшаи комиссияи қабул;

- ташкили тарғибу ташвиқ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба қабули довталабон;

- шинос намудани котибони техникӣ бо қоидаҳои қабули донишҷӯён;

- омода намудани ҳуҷҷатҳо барои қабули довталабон тибқи Тартиби ҳуҷҷатгузории қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ (қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.11.2013, № 19/10);

- ҷараёни суҳбатро бо номгӯи санҷишҳои дохилшавӣ аз рӯйи ихтисосҳо тартиб медиҳад;

- муҳайё намудани заминаҳои моддӣ-техникӣ ва неруи кадрӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ;

- омода ва ба раиси комиссияи қабул пешниҳод намудани рӯйхати омӯзгорони имтиҳонгиранда;

- шинос намудани имтиҳонгирандагон бо тартиби гузаронидани имтиҳони қабул;

- назорат ва иштирок дар ҷараёни имтиҳони қабул;

- омода намудани рӯйхат ба комиссияи мандатӣ;

- ҷамъбасти имтиҳонҳои қабул, пешниҳод намудани ҳисоботи муфассали таҳлилӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

13. То оғози қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар лавҳаи таблиғотии комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуҷҷатҳои зерин омода карда шаванд:

- нусхаи иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ;

- нусхаи шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ;

- қоидаҳои қабул ба муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- нусхаи нақшаи қабул;

- номгӯи фанҳои имтиҳони қабул аз рӯи равия ва ихтисос;

- ҳуҷҷати тасдиқшудаи пардохти маблағи таҳсил барои гурӯҳҳои шартномавӣ;

- намунаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои қабули довталабон (бланкаҳои ариза, забонхат, қарордод, китоби қайди довталабон ва дигар ҳуҷҷатҳо) ҷой дода шавад;

14. Ҳуҷҷатҳои довталабон ба шуъбаҳои таҳсили рӯзона ва ғоибона аз 01 июл то 10 август (барои муассисаҳое, ки довталабонро бидуни Маркази тестӣ қабул менамоянд) бевосита дар муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул карда мешаванд.

15.Тамдиди муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ танҳо бо розигии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

16. Котиби масъул оид ба рафти ҳуҷҷатсупорӣ дар муассисаи таълимӣ мунтазам (ҷамъбасти ҳафта) ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд.

17. Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баъд аз оғози имтиҳони қабул қатъиян манъ аст.

18. Барои ихтисосҳои соҳаи санъату фарҳанг, варзиш ва меъморӣ дар баробари имтиҳони асосии дохилшавӣ аз рӯи ихтисоси интихобнамуда озмуни иловагии маҳорат муқаррар карда мешавад. Озмуни маҳорат аз 10 август то 20 август гузаронида мешавад.

19. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ гузаронидани комиссияи мандатӣ ва интишори фармоиш дар бораи қабули довталабон то оғози соли таҳсил бояд ба охир расонида шавад.

20. Довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбиро дар хориҷа гирифтаанд, баъд аз эътирофи баробарарзишии ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (шаҳодатнома), метавонанд ба комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуҷҷат пешниҳод намоянд.

21. Муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ танҳо бо доштани иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ метавонад қабули донишҷӯёнро аз рӯи ихтисосҳои дар он дарҷшуда эълон намояд.

22. Комиссияи қабул вазифадор аст, ки довталаб ва ё падару модари ӯро бо иҷозатнома (лицензия) оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ва шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ аз рӯи равия ва ихтисосҳо, ки ба гирифтани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқ медиҳад, шинос намояд.

23. Бо мақсади таъмини талаботи иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқ доранд, ки дар асоси шартномаи тарафайн ва қарордод бо корхонаҳо, ташкилот, муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, воҳидҳои сохтории дахлдори онҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ мутахассис тайёр намоянд.

24. Муассисаи таълимии давлатӣ ҳуқуқ дорад дар доираи муқаррарнамудаи иҷозатнома ва аз ҳисоби маблағи ҷудокардаи буҷет илова ба иҷрои супоришоти давлатӣ оид ба қабул аз рӯи шартномаҳои дахлдор, дар сурати аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пардохтани маблағи таҳсили муқарраршуда, мутахассисонро тайёр намояд.

25. Ҳаҷми маблағи таҳсил барои таълими шартномавӣ дар асоси қарори Шӯрои омӯзгорӣ (олимон) муайян гардида, бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шуда, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад ва дар Қоидаҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дарҷ мегардад. Довталабони гурӯҳҳои шартномавӣ баъди супоридани имтиҳонҳо, фақат дар сурати пардохт намудани маблағи таҳсил тибқи талаботи қарордод ба муассисаи таълимӣ қабул карда мешаванд.

26. Бо мақсади ташкил ва гузаронидани имтиҳони қабул бо фармоиши директори муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ комиссияи фаннии имтиҳонӣ таъсис дода мешавад. Ҳайати комиссияи фаннӣ ду сол пайи ҳам таъин шуда наметавонад. Ба ҳайати комиссияи фаннӣ омӯзгорони муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон аз дигар муассисаҳои таълимӣ шомил шуда метавонанд.

27. Имтиҳонҳои қабул дар асоси барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида мешаванд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонад имтиҳони дохилшавиро ба тариқи тестӣ ё анъанавӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намояд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбие, ки довталабон ба тариқи тестӣ ё анъанавӣ имтиҳон месупоранд, аз забони модарӣ (ба таври иловагӣ) диктант менависанд. Имтиҳони қабул дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ барои ҳар ихтисос аз рӯи забони таҳсил гузаронида мешавад.

28. Довталабоне, ки муассисаҳои таълимиро бо забони русӣ, ӯзбекӣ ва бо забони дигар ақаллиятҳои миллӣ хатм менамоянд ва ба гурӯҳҳои русии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуҷҷат месупоранд, аз забони давлатӣ диктант менависанд.

29. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аввал имтиҳони хаттӣ (диктант) ва баъд имтиҳони тестӣ ё анъанавӣ гузаронида мешавад.

30. Маводи имтиҳони қабул (матни корҳои хаттӣ, вариантҳо, масъалаҳо ва мисолҳо) ҳар сол дар асоси барномаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ тартиб дода мешавад.

Истифодаи матнҳои диктант, билетҳои имтиҳони қабули солҳои гузашта иҷозат дода намешавад.

Матни диктант, саволҳои билет, масъала ва мисолҳо дар иттиҳодияи методии фаннӣ (сиклӣ) баррасӣ гашта, як моҳ пеш аз саршавии имтиҳони қабул аз тарафи директори муассисаи таълимӣ тасдиқ карда мешавад.

31.Маводи имтиҳони қабул дар лифофаҳо ҷой дода шуда, муҳри муассисаи таълимӣ гузошта мешавад. То саршавии имтиҳони қабул мавод дар ҷевони оҳанини раиси комиссияи қабули муассисаи таълимӣ нигоҳ дошта мешавад.

32. Маводи имтиҳони қабул (матни корҳои хаттӣ, вариантҳо, масъала ва мисолҳо) дар ҳузури омӯзгорони имтиҳонгиранда ва довталабон дар рӯзи баргузории имтиҳони қабул кушода мешаванд.

33. Барои супоридани имтиҳони қабул (хаттӣ, шифоҳӣ) комиссияи қабул довталабонро ба гурӯҳҳо аз 24 то 30 нафарӣ тақсим менамояд.

Имтиҳони шифоҳиро аз довталабон, на кам аз се омӯзгори имтиҳонгиранда аз рӯи билетҳои тасдиқгардида, қабул менамоянд.

34. Ба довталабоне, ки ба имтиҳони қабул роҳ дода шудаанд, варақаи имтиҳонӣ, ки шакли онро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, дода мешавад.

35. Кори хаттӣ дар шакли сиёҳнавис ва дар шакли тозанавис танҳо дар варақаҳое, ки муҳри муассисаи таълимӣ гузошта шудааст, иҷро карда мешавад.

36. Имтиҳонҳои хаттӣ бо рамз, бе нишон додани ному насаби довталаб гузаронида мешаванд.

37. Котиби масъул якҷоя бо аъзоёни комиссияи қабул дар корҳои хаттӣ аз нигоҳи худ, дар муқоваи варақ ва дар кори хаттӣ рамзи шартӣ мегузоранд.

Кори хаттӣ бо рамзи шартӣ ба омӯзгори имтиҳонгиранда барои санҷиш дода мешавад.

38. Дар имтиҳони қабул бояд вазъияти ором бошад, ба довталаб имконият дода шавад, ки сатҳи донишу малака ва маҳорати худро пурра нишон диҳад.

39. Ба довталабон даровардани китобҳои дарсӣ, телефони мобилӣ ва таҷҳизоти электронӣ ба имтиҳони қабул қатъиян манъ карда мешавад. 

40. Саволномаи тестӣ аз 3 қисм (блок) иборат буда, яке аз қисмҳо аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ду қисми боқимондаро фанҳои равиявӣ ташкил медиҳанд. Ҳар як қисми (блок) саволномаи тестӣ на камтар аз 25 саволро ташкил дода, вақти иҷроиши имтиҳони мазкур 4 соати астрономиро дар бар мегирад. Инчунин, дар билетҳои имтиҳонҳои анъанавӣ набояд аз 5 савол камтар бошад.

41. Барои шахсоне, ки муассисаи таҳсилоти умумии асосиро хатм намудаанд, бояд ҳаҷми матни диктант 170-200 калимаро ташкил диҳад.

42. Барои шахсоне, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро хатм намудаанд, бояд ҳаҷми матни диктант 220-235 калимаро ташкил диҳад.

43. Барои шахсоне, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони модариашон (ақаллиятҳои миллӣ) хатм намудаанд ва ба гурӯҳҳои таълимашон ғайри забони модарӣ дохил мешаванд, ҳаҷми матни диктант 120-150 калимаро ташкил медиҳад.

44. Имтиҳони хаттӣ (диктант) ба таври зайл холгузорӣ карда мешавад: Баҳои «5» -30 хол, «4»-20 хол, «3»-10 хол, «2»-0 хол. Холҳо барои имтиҳони тестӣ ба ҳар як саволи дуруст аз рӯи қисмҳо: 1 хол барои қисми фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ, қисми дуюм (умумӣ - тахассусӣ) 2 хол ва қисми сеюм (тахассусӣ) 3 хол, муқаррар карда мешавад.

45. Довталабоне, ки аз имтиҳони тестӣ дар яке аз қисмҳо хол намегиранд, баҳои ғайриқаноатбахш ҳисобида шуда, ба онҳо барои супоридани имтиҳони минбаъда иҷозат дода намешавад.

46. Натиҷаи корҳои хаттӣ дар муддати 48 соат баъд аз супоридани имтиҳон ва натиҷаи санҷиши тестӣ на дертар аз 24 соат эълон карда мешавад.

Довталабоне, ки ба имтиҳони дохилшавӣ ҳозир нашудаанд, баҳои онҳо ғайриқаноатбахш ҳисобида шуда, барои иштирок дар имтиҳони навбатӣ ҳуқуқ надоранд.

Ҳамаи масъалаҳои баҳсталабро вобаста ба қабули довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ комиссияи қабул баррасӣ менамояд.

47. Дар давраи гузаронидани имтиҳони қабул бо фармоиши раиси комиссия комиссияи апеллятсионӣ ва раиси он таъин карда мешавад.

48. Ба ҳайати комиссияи апеллятсионӣ ба сифати экспертҳои тахассусии бетараф устодони собиқадори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷалб карда мешаванд.

49. Аризаҳои шикоятии довталабон нисбат ба баҳо ё холҳои гузоштаи комиссияи имтиҳони қабул баъд аз эълони натиҷаи имтиҳони қабул дар комиссияи апеллятсионии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баррасӣ мегарданд.

50. Баррасии апеллятсия аз нав супоридани имтиҳон набуда, дар рафти баррасӣ танҳо дурустии баҳои имтиҳон санҷида мешавад.

Довталаб ҳуқуқ дорад, ки дар вақти баррасии апеллятсия иштирок намояд. Довталабе, ки барои аз нав дида баромадани баҳои имтиҳон талош дорад, бо худ бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома) ва варақаи имтиҳонӣ дошта бошад.

51. Баъди баррасии апеллятсия дар сурати тағйир ёфтани баҳои имтиҳон (ҳам дар сурати паст ва ҳам дар сурати баланд кардани баҳо), аз ҷониби комиссияи апеллятсионӣ протокол тартиб дода шуда, қарор қабул карда мешавад. 

52. Дар мавриди ба миён омадани зарурати тағйир додани баҳо бо қарори комиссияи апеллятсионӣ дар варақаи имтиҳонӣ тағйирот ворид карда мешавад. Дар мавриди ба вуҷуд омадани ихтилоф дар комиссияи апеллятсионӣ оид ба баҳои гузошташуда, баҳо бо овоздиҳӣ ва тарафдории аксарияти овозҳо тасдиқ карда мешавад.

53. Дар ҳолати қонеъ нагардидан аз ҷавоби комиссияи апеллятсионии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ довталаб ҳуқуқ дорад дар муҳлати 3 рӯзи баъди эълон шудани баҳо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд.

54. Маълумот вобаста ба шартҳои қабул, қарорҳои комиссияи қабул бояд сари вақт ба иттилои довталабон расонида шавад.

55. Тартиби қабули довталабони аз имтиҳони дохилшавӣ гузаштаро комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар асоси озмун (конкурс)-и умумӣ аз рӯи миқдори холҳои (баллҳои) дар имтиҳони дохилшавӣ бадастовардаи довталаб бо риояи қатъии қоидаҳои қабул муқаррар менамояд.

56. Баргардонидани ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки ба муассисаи таълимӣ қабул нашудаанд, дар асоси пешниҳод намудани забонхат оид ба қабули ҳуҷҷатҳо ва шиноснома амалӣ карда мешавад. Дар ҳолати гум кардани ин забонхат, баргардонидани ҳуҷҷатҳо дар асоси аризаи шаҳрванд ба номи раиси комиссия амалӣ карда мешавад. Ҳангоми баргардонидани ҳуҷҷатҳо танҳо шаҳодатнома дар бораи таҳсилот баргардонида шуда, дигар ҳуҷҷат ва санадҳои имтиҳонию санҷишӣ дар парвандаи шахсии довталаб дар муассисаи таълимӣ нигоҳ дошта мешаванд.

57. Довталабони зерин бе супоридани имтиҳон ба ҷойҳои буҷавии пешбинишуда ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд:

-довталабоне, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло хатм намудаанд;

58. Довталабони зерин бе супоридани имтиҳон тариқи суҳбат ба ҷойҳои буҷавии пешбинишуда ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд:

-довталабоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосиро бо шаҳодатномаи аъло хатм кардаанд;

-довталабоне, ки литсейҳои касбӣ-техникиро бо дипломи аъло хатм кардаанд;

-ҷоизадорони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз рӯи фанҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд;

-ҷоизадорони озмунҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии мусиқӣ бо ихтисосҳои дахлдор тибқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд;

-ҷоизадорони мусобиқоти варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз рӯи ихтисосҳои дахлдор, ки тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд.

59. Комиссияи қабул саволномаи суҳбатро аз рӯи ихтисосҳо омода намуда, оид ба рафти суҳбат протокол тартиб медиҳад, ки дар он саволҳои ба довталаб додашуда, ҷавобҳои довталаб ва натиҷаи суҳбат сабт мегардад.

60. Ҳангоми гирифтани баҳои мусбат дар имтиҳони қабул довталабони зерин берун аз озмун (конкурс) қабул мешаванд:

-хизматчиёни ҳарбии аз хизмат ҷавобшуда;

-маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 тибқи Қоидаҳои қабули маъюбон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст;

-ятимон тибқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ.

Ҳуҷҷатҳои дахлдор (дар бораи маъюбӣ ва ятимӣ) то имтиҳони қабул ба комиссияи қабул пешниҳод карда мешаванд.

61. Қабули фарзандони иштирокчиёни бартарафкунии оқибатҳои фоҷеаи Чернобил тибқи Қоидаҳои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фарзандони шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд (қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми феврали соли 2010, №2/18), ба роҳ монда мешавад.

62. Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ қабули шахсоне, ки хоҳиши гирифтани маълумоти дуюми касбӣ доранд, иҷозат дода мешавад.

63. Шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро дар соҳаҳои техникӣ, технологӣ ва иқтисодӣ хатм намудаанд, дар сурати мувофиқати ихтисосҳо тибқи рӯйхати ихтисосҳои замимашуда (бо назардошти на зиёда аз 4 фарқияти нақшаи таълимӣ) новобаста аз дипломи аъло ва ё муқаррарӣ доштан ба курси 1-уми шуъбаи рӯзона ва ё шуъбаи ғоибонаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тариқи суҳбат ба ҷойҳои шартномавӣ дар доираи замимаи иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ қабул карда мешаванд (рӯйхати ихтисосҳо замима мегардад).

64. Шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёна ва ё олии касбиро (давлатӣ ва ғайридавлатӣ) аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ё шартномавӣ бо «Дипломи аъло» хатм намудаанд, дар сурати мувофиқати самти ихтисос бо назардошти риояи талаботи амалкунанда (фарқияти нақшаи таълимӣ) ба курси мувофиқ ба шуъбаҳои рӯзона ва ё ғоибонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бе озмун қабул карда мешаванд.

65. Шахсоне, ки гурӯҳҳои буҷавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ё олии касбиро бо дипломи муқаррарӣ хатм намудаанд, пас аз 3 соли хатм ва фаъолияти корӣ дар истеҳсолот дар сурати мувофиқати равия ва самти ихтисос бо назардошти риояи талаботи амалкунанда мавҷудияти фарқияти нақшаи таълимӣ дар ҳаҷми то 18 кредит ба курси мувофиқи шуъбаҳои рӯзона ва ё ғоибонаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи  касбӣ (ба ҷойҳои холии буҷавӣ ва шартномавӣ) тариқи суҳбат қабул карда мешаванд.

66. Шахсоне, ки гурӯҳҳои буҷавии шуъбаи ғоибонаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва ё олии касбиро бо дипломи муқаррарӣ хатм ва собиқаи кории 3-сола дар истеҳсолот доранд, дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунанда (диплом (асл) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, хислатнома аз ҷойи кор) дар сурати мувофиқат намудани равия ва самти ихтисос бо назардошти риояи талаботи амалкунанда мавҷудияти фарқияти нақшаи таълимӣ ба курси мувофиқи шуъбаи рӯзона ва ё шуъбаи ғоибонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (ба ҷойҳои холии буҷавӣ ва шартномавӣ) тариқи озмун қабул карда мешаванд.

67. Муҳлати супоридани фарқиятҳо ба донишҷӯён то саршавии сессияи зимистона иҷозат дода мешавад.

68. Назорат аз болои фаъолияти комиссия ва имтиҳони қабули муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ба амал бароварда мешавад.

69. Довталабоне, ки ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул шудаанд ва дар давоми 20 рӯз бесабаб ба таҳсил шурӯъ накардаанд, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешаванд. 

70. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 20 сентябри соли таҳсил аз натиҷаи қабул ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномаи хаттӣ пешниҳод менамоянд.

71. Қоидаҳои қабул дар заминаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 01.03. 2018, №94 таҳия карда шуда, таъмин, риоя ва иҷрои он барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият ҳатмӣ мебошад.

Замимаи 1

Номгӯи

ҳуҷҷатҳое, ки довталабон ба

комиссияи қабул месупоранд:

1. Ариза ба номи директор

2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (умумии асосӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олии касбӣ) - намунаи  асл

3. Маълумотномаи тиббӣ (шакли №38)

4. 6 адад расм (андозаи 3х4см)

5. Шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд) пешниҳод карда мешавад.  

6. Маълумотнома аз ҷои истиқомат.

7. Билети ҳарбӣ (шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда) пешниҳод карда мешавад.

8. Ҳангоми будани собиқаи корӣ нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.

9. Хислатнома аз ҷойи кор

10. Нусхаи қарордод байни довталаб ва муассисаи таълимӣ (фақат барои шахсоне, ки аз ҳисоби буҷаи давлат таҳсил мекунанд). Нусхаи қарордодро муассисаи таълимӣ омода менамояд ва дар вақти супоридани ҳуҷҷат аз тарафи довталаб ба расмият дароварда мешавад.

 11. Нусхаи қарордод байни довталаб ва муассисаи таълимӣ дар бораи таҳсил дар гурӯҳҳои шартномавӣ. Нусхаи қарордод аз тарафи муассисаи таълимӣ омода карда мешавад.

Номгӯйи

ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки ба ихтисосҳои амалкунандаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мувофиқанд

рамзи ихтисос

Номгӯи ихтисосҳои амалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ

рамзи ихтисос

Мувофиқоӣ ба ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ

 

2-400101.33

Графикаи компютерӣ

3-400252.01

 

3-400251

Системаи компютерӣ ва Интернет - технология

Хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи электронии ҳисоббарор

 

2-400101

Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ

 

2-400101-35

Таъмини барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилооти корӣ

 

2-25 01 3101

Буҷет ва баҳисобгирии буҷетӣ

3-250152

3-250152.01

3-250152.01

Ҳисобдор

Ҳисобдор (бо донистани компютер)

Хазинадор-назоратчӣ

 

2-36100102

Мошинҳои кӯҳӣ ва таҷҳизот (конҳои зеризаминӣ)

3-36 0152.03

 

3-361111.01

3-361111.04

 

3-361051.01

3-361010.01

3-361051.03

Мошиначии мошинҳои борбардоранда  (болобардор);

Мошиначии булдозер;

Мошиначӣ – технологи дастгоҳи нассосҳо ва компрессҳо

Челонгари барқии зеризаминӣ

Кӯҳкори зеризаминӣ (ангишткан)

Кӯҳкори тозакунии ҷойи кори истихроҷи маъдан

 

2-360101

Технологияи мошинсозӣ

3-360154

Харрот

 

2-37010133

Хизматрасонии техникӣ ва таъмири муҳаррикони дарунсӯз

3-370152.01

 

3-370152.02

 

3-370152.03

 

3-370152.04

Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил

Тракторчӣ- мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ

 Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил

Челонгар - таъмирчии кузови автомобил

 

2-70 04 31

Таҷҳизоти санитарӣ-техникии биноҳо ва иншоот

3-700431.01

Челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ-санитарӣ

 

2-390101

Радиотехника

3-390252.01

Радиомеханик оид ба таъмир ва хизматрасонии радио ва телевизион

 

2-4201010102

Металлургияи барқии металлҳои сиёҳ ва ранга

3-420151

Технологияи истеҳсолоти металлургӣ ва коркарди масолеҳ

 

2-700201.31

Сохтмон ва истифодабарии биноҳо ва иншоот

3-700254.01

Рангуборчӣ (бинокор-рангмол,  сайқалдиҳанда, пардозчӣ)

 

2-700201.05

Банақшагирии биноҳо ва иншоот

 

2-48 01 34

Тоза кардани канданиҳои фоиданок

3-480154-

Тозакунии канданиҳои фоиданок

 

2-48 0135

Коркарди нафт ва газ

 

2-51 02 01-03

Истихроҷи конҳои  маъдан ва истихроҷи канданиҳои ғайримаъдании фоиданок

3-510252

 

3-510252.01

Мошиначии дастгоҳи пармакунии нафту газ

Ёрдамчии пармагар ва ҷустуҷӯи пармакунии чоҳ дар соҳаи нафту газ

 

2-5102 01

Истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок (аз рӯи самтҳо)

 

2-51 01 01

Геология ва иктишофи кони канданиҳои фоиданок

 

2-50013402

Тарроҳӣ, поракунӣ ва технологияи либос

3-500153.04

3-500155

3-500155.01

 

3-500155.02

3-500155.03

3-500155.04

3-500155.06

Назоратчии сифат

 Дӯзанда

 Гулдӯзи маҳсулоти бофандагӣ ва чарчинворӣ

Дӯзанда - зардӯз

Дӯзанда - пардадӯз

Либосдӯз  (либосҳои миллӣ)

 Буранда

 

2-500135

Технологияи истеҳсолоти дӯзандагӣ

 

2-50013501

Технологияи масолеҳи дӯзандагӣ

 

2-740302

Тибби байторӣ

3-740131.02

Фелдшер-байтор

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш