Нашрияи Омӯзгор

Тамоми умр омӯзгор буд

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Як зумра касон дар замони зиндаву саломат буданашон аз ёдҳо фаромӯш мешаванд, чӣ расад ба зиндагии маънавии баъди маргашон! Аммо гурӯҳе аз мардони соҳибдилу накукорро дар зиндагӣ ҳам ба некӣ ёд мекунанду баъди даргузашташон низ. Яке аз чунин мардони хайрхоҳу поквиҷдон омӯзгори варзида Рустамҷон Ҳасанов буд.

Ӯ ҳамаи дониш, маҳорат ва қобилияташро ба манфиати ҷамъият бахшид. Мисли шамъ барои шогирдонаш қатра-қатра об шуд, аммо фардои онҳо, зеҳну шуур ва ҷаҳоннигарии онҳоро равшанӣ ато кард. Рустамҷон Ҳасановро аз овони мактабхонӣ мешинохтам. Вай аз мо бузургсолтар буд. Дар кори созмонҳои пионерию комсомолии мактабии он замон фаъолияти назаррас дошт. Баҳри пешравии таълиму тарбия ёрирасони устодон буд.

Баъди хатми донишгоҳ ӯро ҳамчун шахси болаёқату кордон директори мактаби миёнаи №22-и деҳаи Қалъаи Мирзобойи ноҳияи Деваштич таъйин намуданд. Ӯ новобаста ба ҷавониаш дар як муддати кӯтоҳ ин мактабро аз ҷиҳати сифати баланди таълим ва тарбия пешсаф гардонд.

Дар солҳои минбаъда ӯ ҳамчун омӯзгор ва директори мактаби миёнаи №7-и деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич дар таҳкими сатҳи таҳсили шогирдон таълим ва тарбия ҳиссаи босазо гузошт. Усули тафриқавии таълим, ки Рустамҷон Ҳасанов дар мактабаш роҳандозӣ кард, натиҷаи хеле хуб дод. Шумораи ғолибони олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ ва вилоятӣ, ҳамзамон сафи дохилшавандагон ба мактабҳои олӣ хеле афзуд. Бо ташаббуси ин шахси фозилу ташаббускор боми бинои мактаб шиферпӯш гардида, аз вайроншавӣ эмин монд.

Номбурда бори аввал маҳфили муаллимони эҷодкорро ташкил кард ва бо зиракӣ ва лаёқати баланди касбӣ ҳампешагонро водор намуд, ки баҳри такмили ихтисос ва донишу малакаи хеш пайваста кӯшиш кунанд, ба навоварӣ ноил шуда, аз усулу шеваҳои натиҷабахши таълиму тарбия истифода баранд. Маҳз бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи устод Рустамҷон Ҳасанов омӯзгорон дар хонишҳои педагогӣ ва конфронсҳои илмӣ иштирок меварзиданд, таклифу пешниҳодҳои судманди худро пешкаши умум мегардонданд. Месазад ёдовар шавем, ки аъзои маҳфили зикршуда дар таҳияи лоиҳаи Консепсияи мактаби миллӣ бо андешаҳои ҷолибу созанда иштирок кардаанд.

Қобилияти хуби корбарӣ Рустамҷон Ҳасановро ба вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич сазовор гардонд. Дар даврони роҳбарии ӯ дар ҳудуди ҷамоат ободкорӣ ва бунёдкориҳои зиёде сурат гирифтанд.

Бо пофишорӣ ва дурбинии ин марди кордон қитъаи бавусъати замине, ки ба халқи деҳаи Басманда тақсим гардида, ба заминҳои лалмӣ мутааллиқ буд, ба заминҳои обӣ баргардонида шуда, халқи деҳаро манфиатҳои бисёр расонд.

Хизматҳои панҷоҳсолаи муаллими азизро давлату Ҳукумат борҳо қадр кардаанд. Раҳматномаҳову ифтихорномаҳои мақомоти гуногуни ноҳияву вилоят, нишони «Аълочии маорифи халқ» ва дигар мукофотҳо далели гуфтаҳои моянд. Муҳимтарин қадршиносии устод Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки соли 2002 аз тарафи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим шуд. Гузашта аз ин, ин шахки наҷибу фидокор накутарин ва арзишмандтарин қадршиносӣ - бовару самимият ва эҳтирому иззати халқро соҳиб буд, ки боиси ифтихор аст. Солҳои 2005 - 2010 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб шудааст.

Аз зикри мухтасари хидматҳои шоистаи Рустамҷон Ҳасанов пайдост, ки ӯ дар кори роҳбарӣ таҷрибаву малакаи хуб дошт, аммо рисолати азалии худ – омӯзгориро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накард. Пас аз ба субот расондани корҳои ҷамъиятӣ боз ба кори мактабу маориф баргашта, садҳо шогирди дигарро тарбия намуд. Ӯ дар оила ҳам омӯзгори воқеӣ буд ва ба ин фарзандони бомаълумоту хушахлоқи мавсуф далеланд.

Ҳамчун ҳамкор ва шоҳиди амалҳои неки устод аз қарори Шӯрои омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич барои ба номи Рустамҷон Ҳасанов номгузорӣ шудани мактаби зикршуда истиқбол менамоям.

Ҳайдар ҲАЙДАРОВ,

омӯзгори собиқадор,

Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш