Нашрияи Омӯзгор

Фидоӣ

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 833        Шарҳ: 0

 

Духтур шуданӣ буд. Устод ба сараш бо навозиш даст бурду бо қатъият гуфт:-Не, ту омӯзгор мешавӣ ва ба халқи худ беҳтар хизмат мерасонӣ. Духтур беморро табобат мекунад, вале омӯзгор бо сухан мардумро муолиҷа месозаду намегузорад, ки одамон бемор шаванд. Бемории маънавӣ бемории хавфнок аст. Мана, ман 45 сол боз омӯзгорам, гурусна монам, бо нону чой қаноат мекунам. Рӯзам мегузарад, аз касби худ ифтихор дорам. Ту ҳам гурусна намемонӣ.  Тафохур хоҳӣ кард, ки устоди ҳам табиб, ҳам шоир, ҳам раис, ҳам ронанда, ҳам муҳандис мебошӣ. Магар аз ин болотар пешае ҳаст?!

Баъди дуои устод ба қарори қатъӣ омад, ки омӯзгор шавад ва инак, 9 сол мешавад, ки Қиёмиддин Ёдгоров омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи № 52-и деҳаи Ҳуҷуми шаҳри Ҳисор аст. Шогирдонаш ӯро дӯст доштанду сабақҳояшро аз худ карданду дар озмунҳо ливои зафарро партавафшон намуданд ва яке аз онҳо соҳиби медали биринҷӣ гардид. Воситаҳои аёнии аҷоиберо сохтааст, ки диққати ҳамаро ба худ ҷалб мекунанд. Дар муддати кӯтоҳ азизи ҳамагон шудан на ба ҳар кас муяссар мешавад. “Мушк он аст, худ бибӯяд, на ин ки аттор бигӯяд”,- гуфтаанд. Ҳамаи машғулияту дарсҳояш ҷолибанд, ба қадри имкон як соат дарсашро аз синфи 8-ум ба таври мухтасар мисол меорем.

1.Пурсиши вазифаи хонагӣ. -Дар кадом мавзӯъ суханронӣ карда будем? Хоқонии Шервонӣ кӣ буд? Чаро Хоқониро падараш ба тарбияи амакаш месупорад? “Туҳфат-ул-Ироқайн” чӣ маъно дорад? Барои чӣ вай қасидаи “Айвони Мадоин”-ро “Харобаҳои Мадоин” гуфт?

2.Намоиши расм-нақша оид ба эҷодиёти Хоқонӣ.

3.Баёни мавзӯи нав. Низомӣ ва “Хамса”-и ӯ. Бо шогирдонаш гиреҳи мавзӯи навро мекушояд:-Шуҳрати ӯ дар шоирӣ ба дараҷае буд, ки ҳокимон ва султонони давр ӯро ба дарборашон мехонданд, аммо ӯ озод буданро авло донист.Соли 1169 ҳокими Дарбанд дар қатори туҳфаҳои дигар канизакеро бо номи Офоқ мефиристад ва Низомӣ ба ин “бути қипчоқ” хонадор мешаваду соҳиби писаре бо номи Муҳаммад мегардад. Соли 1180 Офоқ вафот мекунад ва шоир тамоми меҳру муҳаббат ва дарду ҳасрати худро дар достони “Хусрав ва Ширин” ба қалам меорад. Шоир соли 1209 дар шаҳри Ганҷа вафот мекунад.

4.Пешниҳоди расм-кластерҳои “Илмҳои омӯхтаи Низомӣ” ва “Оилаи Низомии Ганҷавӣ”.

5.”Хамса” - шоҳкории фарҳанги дунё. Намоиши китоб-албом.

6.Овехтани лавҳа бо акси дарахти бузург, ки дар рӯйи меваҳояшон номи достонҳо ва дар рӯйи баргҳо соли таълифу миқдори абёташон ва адади пайравонашон дарҷ ёфтаанд:“Махзан-ул-асрор” (хазинаи сирҳо), соли 1176, 2260 байт, 80 шоир пайравӣ кардааст;”Хусрав ва Ширин”, соли 1181, 6500 байт, пайрав-50 шоир; “Лайлӣ ва Маҷнун”, соли 1188, 4600 байт, пайрав-120 нафар. Мавзӯъ ишқе, ки бо фоҷиа меанҷомад; “Ҳафт пайкар”, соли 1197, 5090 байт. Баҳроми Гӯр қаҳрамони асоси достон шахси таърихист. Ҳар як бону ба Баҳром нақли шавқоваре дорад. “Искандарнома”, соли 1203, 25 шоир пайравӣ кардааст, ду қисм “Шарафнома” ва “Иқболнома”, Мавзӯъ“Роҳи маонӣ”-ро пеш гирифтани Искандар, фаррухсират ва ҳушманд будан, аз ромиш сӯйи дониш рӯ овардани ӯ мебошад.

7.Дар тахтаи синф кафи кушодаи дасти одам пайдо мешавад, дар ҳар як ангушташ номи достонҳои “Хамса” бо хатти хонову зебо сабт ёфтаанд. Дар рӯйи каф навишта шудааст: “Хамса” калимаи арабӣ буда, маънояш панҷгона мебошад. Низомӣ 5 достони мукаммал эҷод кардааст.

8.Мустаҳкамкунии мавзӯъ. Ин қисми дарс бо ширкати гурӯҳҳои хонандагон гузаронида мешавад. Варақи савол дода мешавад. Асарҳои машҳур ҳамчун унвони гурӯҳ интихоб шудаанд. Ба гурӯҳи “Шоҳнома”:-Низомии Ганҷавӣ зодаи кадом шаҳр аст, аз харита нишон диҳед; рӯз ва соли таваллуди шоирро гӯед; “Хамса” чӣ маъно дорад? Ба “Сафарнома”: -Дар бораи падару модари Низомӣ маълумот диҳед; минбаъд Низомӣ дар тарбияи кӣ ба воя мерасад? Ба Низомӣ кадом номро бахшидаанд? Ба “Қобуснома”: -Кадом сол шоир ба Офоқ хонадор мешавад? Рӯзгори вопасини шоир чӣ гуна анҷом ёфтааст? “Бути қипчоқ” кист?  Ба “Наврӯзнома”: -Асари панҷгонаи Низомӣ чӣ ном дорад? Достонҳоро бо тартиб номбар кунед. Ширинтарин маснавии “Хамса” кадом аст, шарҳ диҳед? “Махзан” чӣ маъно дорад? Ба “Мусибатнома”: -“Махзан-ул-асрор” дар пайравии кадом шоири пешин навишта шудааст? Мавзӯи асосии достони “Лайлӣ ва Маҷнун” чист? “Асрор” чӣ маъно дорад? Ба “Гаршоспнома”: -Номи дигари достони “Ҳафт пайкар” чист? “Искандарнома” маснавии чандуми “Хамса” аст ва он аз чанд қисм аст?  Оё ба ба “Хамса”-и Низомӣ ягон шоир пайравӣ кардааст?

9.Вазифаи хонагӣ ва арзёбӣ.

Борҳо машғулиятҳояшро мушоҳида карда, чизҳои муҳимро кашф кардаам. Пас аз мушоҳида мехоҳам, ки суҳбати гарм дошта бошем. Бисёр сухан кардан намехоҳад, гӯё мушкиле надорад. Доимо побанди кор аст. Дар синфхонае, ки ба кабинет табдил додааст, дар басти дуюм 32 хонандаи синфи 3-юм таҳсил доранд. Ба чашмонаш менигарам, ӯ нигоҳашро мегурезонад, ман омӯзгори солдида ҳастам, дар лаҳзаи хурд низ андӯҳи бузургашро пай мебарам. Магар дар шароити деҳот оид ба кабинети алоҳида орзу кардан афсона нест? Бо вуҷуди ин, то нисфи шаб дар хонаи муаллимон мешинад: дафтари зиёдро месанҷад, (зиёда аз 200!); ба шуъбаи маориф ё фарҳанг иншоҳои озмуниро, ки тез-тез пешниҳод мешаванд, санҷида, фаврӣ бояд бурд; дар наздаш “Дафтари нақшаи мухтасари дарсҳо (конспект), “Дафтари роҳбари синф” истодааст, дарозии дафтарҳо қариб 40 см буда, сад варақ доранд, пагоҳ 5 соат дарс дорад, нақшаи ҳар як дарсро дар ин дафтарҳои калон дарҷ бояд кунад, ин дафтарҳо ва чандин китобу роҳнамоҳо ройгон нестанд, яктояш камаш 20 сомонӣ арзиш дорад; мазмуни суҳбати бо волидайни шогирдонаш кардаашро дар дафтари роҳбари синф қайд намояду баъд имзои онҳоро гирад; пас аз пур кардани рӯзномаи ҳаррӯзааш рӯзномаи шогирдонро аз назар гузаронда қайдҳо намояд; оид ба кор дар кабинет ва кори маҳфили имрӯза ҳисобот тайёр кунад; сенарияи ҷамъомади адабиро созад ва шогирдонро омода намояд; пагоҳ дар боғчаи мактаб маҳфил мегузаронад, нақшаи онро тайёр кардан лозим; оид ба корҳои омӯзгории худ мақола навиштанаш зарур; қариб ҳар моҳ дарси кушод дорад, конспекти алоҳидаи онро пешниҳод бояд кард; дар байни ҳафта гузарондани соати тарбиявӣ ва маҷлиси синфӣ ва дар охири ҳафта маҷлиси падару модарон, қарору сенарияи он; аз боло фармон омад, ки ба 25 хонавода рафта, ба 22 савол маълумот бояд омода созад; маъракаи интихобот бе ӯ намегузарад; рӯзи якшанбе ҳатман ба ҳашар...

Дар рӯйи мизи муаллим дафтарчаи беҳдоштӣ гузошта шудааст, ки ба 240 сомонӣ аз ташхиси 12 духтур гузаштааст, расиди обуна ба 250 сомонӣ. Ин чист? Ҳа, билети театр. Муаллим ба театр наравад, вай зиёии деҳа нест! Хостам, ба хонааш раваму бо шароити зиндагияш шинос шавам. Ҳамкасбонаш гуфтанд, ки бо зану чор кӯдакаш дар хоначаи кунҷи деҳа муваққатан зиндагӣ дорад. Чаро барои қитъаи замин ариза намедиҳӣ? Ба ҷояш гуфтанд:-Баъди заминро гирифтан чароғи Аловиддинро бояд дастрас кунад, то ки он хона сохта диҳад. Воқеан, аз 800 сомонӣ моҳонае, ки мегирад, чӣ қадарашро ба зану кӯдаконаш мебурда бошад? Ҳатто худаш намедонад. 

Гарав мебандам, ягон дастгоҳи худкори беҳтарини олам кори ин омӯзгори ҷавони деҳотиро карда наметавонад. Аз омӯзгорони ҷавон ягона мард аст, ки дар мактаби деҳа баҳри ҳифзи миҷозу хислати мардонаи шогирдон кору пайкор мекунад. Офаринат бод ҳамкасб ва дӯсти азиз! 

Ҳакималӣ Назаралиев,

омӯзгори мактаби №17-и деҳаи Ғуриёт, шаҳри Ҳисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш