Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти волонтёрӣ рушд меёбад

Сана: 2018-05-31        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

Бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Хонаи  ҷавонон» ва дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои фарҳанг, адлия, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 то 19 – уми майи соли ҷорӣ дар минтақаи  истироҳатии «Явроз» - и дараи Ромит Форуми байналмилалии ҷавонон дар мавзӯи «Ҳаракати волонтёрӣ оид ба нигаҳдошти арзишҳои фарҳангӣ дар ҳудуди давлатҳои ИДМ» барпо гардид. Дар он намояндагони шӯроҳои миллии муассисаҳои таълимӣ, ҷавонони ташаббус-кор, ҳамоҳангсозони лоиҳаҳо дар самти волонтёрӣ аз 8 давлати дунё: Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Арманис-тон, Қирғизистон, Молдова, Украина ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.

 Ҳадаф аз баргузории чунин ҳамоиш инкишоф бахшидан ба коркарди барномаҳо оид ба муҳофизати мероси фарҳангии ниёгон, равнақ бахшидан ба ҳаракатҳои волонтёрӣ дар ин самт буд. Расми кушоди форум пас аз гулгузорӣ дар назди муҷассамаи поягузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барпо шуд. Дар қатори даъватшудагон дар ин ҷо, ҳамчунин, намояндагони ҷавонони Ҷумҳурии Озарбойҷон, намояндаи ташкилоти фарҳангии ФР – «Россотрудничество» дар Тоҷикистон, намояндаи Академияи илмҳои Тоҷикистон иштирок карданд.

Гурӯҳҳои даъватшудаи иштирокдор гӯшаҳои махсуси худро оид ба ҳаракатҳои волонтёрӣ, ки бозгӯкунандаи фаъолияти онҳоро инъикос менамуд, ташкил доданд. Ҳамчунин, дар мавзӯъҳои «Арзишҳои фарҳангӣ, барқароркунӣ ва нигаҳдошти онҳо», «Вусъати мавқеи хамкориҳои фарҳангӣ» ва ғайра мизи мудаввар ташкил намуданд. Иштирокдорони фарҳангӣ дар баробари ташкил кардани  маҳфилҳои фарҳангӣ, аз рӯйи барномаҳои фарҳангии  матраҳшуда ба маконҳои таърихии пойтахт, Қалъаи Ҳисор ва дигар ҷойҳои фарҳангии шаҳру навоҳии атрофи пойтахт рафта, таассуроти нек  гирифтанд.

Иштирокдорони форум ба хулосае омаданд, ки минбаъд низ ҳаракати волонтёриро идома дода, онро дар кишварҳои дигари даъватшуда таҷлил намоянд. Ба меҳмонон барои иштироки фаъолонаашон  туҳфаҳои хотиравӣ, ки инъикос-кунандаи манзараҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон аст, супорида шуд.

 Зиёда ХӮҶАНАЗАРОВА,

директори ташкилоти ҷамъиятии «Хонаи ҷавонон»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш