Мақсад аз тасвиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” пурзӯр намудани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои фарзандон мебошад. Барои татбиқи қонуни мазкур мо-омӯзгоронро низ мебояд амалҳои зиёдеро анҷом диҳем, ки баланд бардоштани маърифати педагогии волидон аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Пӯшида нест, ки тарбияи фарзанд аз оила cap мешавад. Барои ҳар як падару модар азизтарину қиматтарин кас фарзанд аст. Мутаассифона, падару модароне ёфт мешаванд, ки ба фарзандони худ муносибати дуруст надоранд ва аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” низ огаҳӣ надоранд. Ҳатто соле ҳам як бор ба мактаб намеоянд, рӯзномаи фарзандонро назорат намекунанд. Ба мушоҳида мерасад, ки баъзе аз падару модарон дар назди фарзандони худ ба воситаи телефони мобилӣ суҳбат намуда, баъзан ба ҳамсуҳбатони худ дашномҳои қабеҳ низ медиҳанд. Албатта, чунин рафтор ба фарзандон таъсири манфӣ мерасонад ва дар ҳамин рӯҳия ба камол мерасанд ва шояд оянда ба корҳои ношоиста даст бизананд. Аз ин рӯ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳушдор медиҳад, ки “ ... ҳамчун инсони комил ба воя расонидани фарзанд ва тарбияи дурусти ӯ ҳеҷ гоҳ бе меҳру муҳаббат ва дастгириву садоқати падару модар имкон надорад...” Аз ҳамин сабаб, ҳар як падару модар бояд кӯшиш намоянд, ки бо рафтори хубу одоби намунавӣ на танҳо дар назди оила, инчунин, дар ҷомеа низ шоистаи таҳсину эҳтиром бошанд.
Шоири маъруфи тоҷик Бадридини Ҳилолӣ низ дар ин маврид мегӯяд:
Адаб ороиши афъол бошад,
Адаб осоиши аҳвол бошад.
Гулрухсор Бобоева,
омӯзгори мактаби №61-и шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр