Нашрияи Омӯзгор

Маърифатоину хирадгустар буд

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

 

Омӯзгорӣ касби пуршарафу боифтихор ва дар айни замон заҳматбор аст ва оне дар роҳи пуршебу фарози таълиму тарбияи насли наврас муваффақ мегардад, ки садоқатпешаву ҷоннисор бошад.

Ба ибораи дигар, пешаи омӯзгорӣ инсонофар буда, аз шахс фидокорӣ талаб мекунад. Барои ин мебояд ин пешаро дӯст дошт ва ҳамвора баҳри дарёфти роҳу усулҳои навини таълиму тарбияи хонандагон талош варзид. Яке аз омӯзгорони фидоӣ, ки  умри худро сарфи таълиму тарбия кардаву аз худ номи неке боқӣ гузоштааст, Миршароф Комилов мебошад.  Ӯ  3 марти соли 1950 дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич чашм ба олам кушодааст ва баҳри рушди соҳаи маорифи ноҳия хизматҳои шоиста кардааст. Ҳангоми дар мактаби миёна таҳсил намудан ӯ дар дил меҳри омӯзгориро мепарварид. Ҳамин буд, ки баъди хатми мактаби миёна соли 1968 ба факултаи географияи Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М. Киров  (ҳоло ДДХ ба номи Б. Ғафуров)  супорид ва  онро соли 1973 сарбаландона хатм намуд.  Солҳои 1973 – 1977 дар мактаби №72 –и ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ) ва аз  соли 1977 то соли 1991 дар мактаби миёнаи № 7 – и ноҳияи Деваштич ба ҳайси омӯзгори география фаъолият дошт. Соли 1991 баъд аз таъсиси мактаби №42  дар муассисаи мазкур директор таъйин гардид. Дар замони роҳбарии ӯ мактаби №42 ба мактаб – гимназия табдил дода шуд ва ҳамчун яке аз мактабҳои пешсафи ноҳия эътироф гардид. М. Комилов шахси ташаббускору донишманд ва навпардозу навҷӯ буд ва ҳамеша баҳри рушду равнақ бахшидани соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим  талош меварзид. Бо саъю талоши ӯ дар назди мактаб синфхонаҳои иловагӣ, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ тавассути ҳашар сохтаву мавриди истифода қарор дода шуд. Фаъолияти пурмаҳсули ӯро ба назар гирифта, соли 2003 ба  вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия таъйин карданд ва  ӯ дар ин вазифа то соли 2013 фаъолият намуд. Дар давраи сарвариаш дар вазифаи мудири шуъбаи маориф ӯ тавонист, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардорад ва заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимиро таъмин намояд. Ҳамин буд, ки дастоварди хонандагони ноҳия дар озмуну олимпиадаҳои бонуфуз назарарас шуд. Ӯ бо аҳли маориф муносибати хуб дошт ва  ҳамеша ҳамрозу ҳамнишини омӯзгорон буд ва баҳри бартараф намудани мушкилоти онҳо кӯшиш мекард. Хислатҳои неки инсонӣ дар замири ӯ нуҳуфта буду, дӯстиву рафоқатро асоси пешрафти ҷомеа медонист. Дар ин давра сохтмони мактабҳо дар ноҳия вусъат ёфта, теъдоди биноҳои нави таълимӣ бамаротиб зиёд гардид. Яке аз ташаббусҳое, ки дар  давраи роҳбари соҳаи маориф будани ӯ дар  ноҳия роиҷ гардид, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ба тариқи ҳашар  маҳсуб меёфт, ки баъдан роҳандозии ин иқдом дар ноҳия ва хатто вилоят ба ҳукми анъана даромад. Дар ин давра 11 бинои нави муассисаи таълимӣ сохта шуд ва дар назди якчанд мактаб синфхонаҳои иловагӣ ба  тариқи ҳашар бунёд гардид. Инчунин, корҳои зиёде оид ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ анҷом пазируфтанд.

Собиқ раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода дар бораи ин фидоии аҳли маориф гуфтааст: «Шодравон Миршароф Комилов аз ҷумлаи мардони бохираду поквиҷдон ва пурдону инсондӯст буданд. Тамоми фаъолияти омӯзгорӣ ва тарғиботиашонро баҳри тарбияи ватандӯстии ҷавонон, алалхусус, бомаърифат намудани меҳнаткашони ноҳияамон сарф намуданд. Аз ин ҷост, ки аҳли ноҳия он касро чун тарғиботчии бомаҳорату пухтакор ва ҳалиму накукор нағз мешинохтанд ва эҳтиром мекарданд. Бо вуҷуди он ки имрӯз дар байни мо нестанд, номи некашон дар дилҳо маскан гирифта, кору пайкорашон номи ӯро зинда медорад».

Адиби шинохта Абдурауф Муродӣ вобаста ба хислатҳои ҳамидаи сарсупурдаи соҳаи маориф нигоштааст: “Аз суханонаш ҳар кас зуд дарк мекард, ки ӯ як фарди фидокори маориф, ҳомии манофеи омӯзгорон, роҳбари навовару ташаббускор ва марди неку маърифатоин аст, ба ибораи қаламкашон: ифодагари симои намунавии роҳбари фаъоли муосир...

Ман аз забони ин марди шариф ҳарфи нохушу дағале, носазогӯие, ғайбате, таҳқиреро нашунидаам ва ин риштаи дӯстиамро бо ӯ қавитар мекард. Борҳо аз забони шиносонаш шунидаам: «Миршароф Комилов инсони комил, роҳбари одиланд». Ва ифтихор доштам, ки дӯстиву рафоқат бо чунин инсону роҳбар насибам гашта…».

Давлатҷон Комилзода, академики Акдемияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор дар ин замина зикр кардааст: “Акаи Миршароф маданияти баланди муошират ва суханварӣ дошт. Дар маҳфиле, ки ӯ иштирок менамуд, ҳатмӣ ҳазлу шӯхӣ, шеърхонию сурудсароӣ ва рақсу бозӣ барпо мегардид. Ӯ худ бо шеърҳои чида ва рақси беҳамтояш давраро оро медод. Касе, ки боре бо ӯ ҳамсуҳбат мегашт, ҳамеша бо некӣ ёдаш менамуд. Бо акаи Миршароф ҳамсуҳбат шудан як кайфияти хоса дошт ва ҳар як калимаю ибораи ӯ мактаби зиндагӣ буд”.

М.Комилов барои хизматҳои арзандааш дар рушду нумӯи соҳаи маориф, тарбияи насли наврас ва барои қобилияти кордонию роҳбариаш бо ордени «Шараф», унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон», нишонҳои “Аълочии маорифи Тоҷикитсон”, “Аълочии матбуоти Тоҷикистон” ва “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, «Муаллим-методист» ва сипосномаву ифтихорномаҳои зиёде мукофотонида шудааст.

Агар умр вафо мекард, ӯ 3 марти соли равон ба синни 70  мерасид, мутаассифона, 4 феврали соли 2016 ногаҳон риштаи умри ӯ гусаста шуд. Кору фаъолият ва хизматҳояш ӯро дар дилу дидаи шогирдону дӯстон ва ҳампешагон ба таври ҳамеша зинда нигоҳ медорад. Дарвоқеъ, Миршароф  Комилов  инсони фозилу комил буд, ки имрӯз аҳли маорифи  ноҳия ӯро ба некӣ ёд мекунанд ва давраи фаъолияти ӯро дар рушду пешрафти маорифи ноҳия мондагор медонанд.

 

Н.ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш