Нашрияи Омӯзгор

Бо дили гарм

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Нигина ҳангоми дар мактаби миёнаи рақами 24 таҳсил кардан ҳамеша дар дил орзу мепарварид, ки оянда муаллима мешавад.

Вай хуб мехонд, ба мутолиаи осори бадеӣ шавқу рағбати беандоза дошт ва узви фаъоли китобхонаи мактабу ҷамоат буд.

Баъди хатми мактаб Нигина ба факултаи таърих (шуъбаи  ғоибона)-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ дохил шуда, онро бо муваффақият тамом мекунад. Бо роҳхат дар мактаби  №45 (воқеъ дар деҳаи Кӯлобиён – 2) ба кор шурӯъ мекунад. Нигина ҳангоми гузаштани машғулиятҳо аз фанни таърих аз васоити аёнӣ, харитаҳо ва технологияи замонавӣ истифода карда, усулҳои фаъоли таълимро васеъ роҳандозӣ менамояд. Вай рӯзҳои аввали ба фаъолият шурӯъ карданашро ба хотир оварда, мегӯяд, ки ба мушкилиҳо  рӯ ба рӯ  меомад. Аммо бо  тавсияю  пешниҳоди маъмурияти таълимгоҳ зуд-зуд ба дарсҳои омӯзгорону  устодони соҳибтаҷриба ва собиқадор даромада, таҷрибаҳо андухт ва маслиҳатҳои онҳоро пазируфта, ба дастоварду пешравиҳо ноил гардид. Синфхонаи фаннии таърихи халқи тоҷик бо кӯшиши Нигина Булбулзода хеле хуб таҷҳизонида шудааст. Шогирдони муаллима ҳамасола дар  олимпиадаҳои фаннии сатҳи ноҳиявию минтақавӣ  фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Бахшида ба санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳо Н.Булбулзода дар мактаб конфронсу ҳамоишҳо баргузор менамояд. Ҳамчун роҳбари синф робитаи муаллима бо падару модарон хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

 

Ҳокими Сафар,

ноҳияи Файзобод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш