Дар қаламрави ҷумҳурӣ эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (с.2018-2021)–ро устод Сайдаҳмад Ҷамолов бо қаноатмандию мамнунӣ пазируфт.
Кайҳо боз чунин як тадбири оқилонаю ватандӯстонаро интизор буд. Оре, ҳаёти деҳотро таваҷҷуҳи махсус мебояд. Шукр, мамлакат тинҷу осуда гашт, бунёдкорию созандагӣ вусъат ёфт, давлат неруманд шуду имконоташ зиёду қудраташ афзун. Акнун имкон фароҳам омада, ки ба ободонии деҳот, беҳ сохтани вазъи маишиву иҷтимоии сокинони рустоҳо ғамхории бештар зоҳир карда шавад. Пеш аз ҳама, бунёди мактабҳои замонавии муҷаҳҳаз ва таъмини онҳо бо мутахассисон зарур аст. Барои ин аслан ҳамагон масъуланд; ҳар кас мувофиқи имкону ҳунару тавонаш гӯшаеро обод созад, дар маҷмӯъ, корҳои зиёде сомон дода хоҳанд шуд. С. Ҷамолов омӯзгори варзиш аст ва наздик ба ним аср мешавад, ки ба шогирдон дар мактаби рақами 3-и деҳаи Лайрони ноҳияи Нуробод аз фанни тарбияи ҷисмонӣ машғулият баргузор менамояд. Дарсҳояш ҳамеша дар сатҳи баланд, бо истифодаи воситаҳои аёнӣ ва рангину ҷолибу шавқовар баргузор мешаванду шогирдонро ба ваҷд меоранд ва иртиботи онҳоро, таваҷҷуҳашонро ба варзиш пайваста меафзоянд. Устод дарсҳояшро ба ду тариқ баргузор менамояд: назариявӣ ва амалӣ. Дарсҳои амалӣ иҷрои бозиҳои гуногун ва машқҳои ҷисмониро дар бар мегиранд ва табиист, ки барои хонандагон мақбулу шавқоваранд. Ба дарсҳои назариявии устод низ рағбати шогирдон кам нест, зеро дар ин гуна дарсҳо ӯ бо шеваи дилчаспу пурҷозиба ва бо истифода аз далелу арқоми зиёди аҷиб дар мавзӯъҳои таърихи варзиш, ихтирои бозиҳо, мусобиқоти гуногун, варзишгарони маъруфи кишвар ва ҷаҳон, бозиҳои варзишии миллӣ ва монанди инҳо ҳикояҳои таваҷҷуҳбарангезу ибратбахш ва пурмазмун мекунад. Ва дар фарҷом ба шогирдон супориш медиҳад, ки бо истифода аз рӯзномаву маҷаллаву китобҳо ва намоишҳои телевизиону гуфторҳои радио дар бораи ҳаёту корномаи варзишгарони номии олам маълумот гирд оваранд. Устод С.Ҷамолов, махсусан, ба намудҳои миллии варзиш диққати ҳамешагӣ зоҳир менамояд ва бар он назар аст, ки бозиҳои варзишӣ дар қатори омилҳои дигар ба тақвияти ҳисси ифтихори миллии шогирдон мусоидат менамоянд.
Бо даъвату ҳидояти ин омӯзгори шарафманд бисёр ҷавонони деҳа ва умуман, ҳар як каси шавқманд фориғ аз корҳои расмию муқаррарӣ субҳу шомгоҳон ба мактаб омада, ба варзиш машғул мешаванд, дар мусобиқаҳо ширкат меварзанд.
- Ҳар чӣ бештар оммавият пайдо кардани варзиш дар деҳаҳои кишвар низ як бахши тадбирҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад, - мегӯяд устод Сайдаҳмад Ҷамолов.
Собирҷон ҚОДИРӢ,
омӯзгор,
ноҳияи Нуробод
Иловакунӣ
Иловакунии фикр