Нашрияи Омӯзгор

Интернет чӣ медиҳад?

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Ҳамчунин, барои як гурӯҳ мардум, хосса сокинони кишварҳои мутараққӣ интернет сарчашмаи даромади молӣ маҳсуб меёбад. Барои корхонаву ташкилот интернет воситаи асосии реклама ва муаррифии молӣ мебошад.

Тавассути интернет ба корҷӯён пешниҳод намудани кор ва ташкили интернет- мағоза ва садҳо ҳазор воситаи дигари даромад вуҷуд дорад, ки ин ҳамаро метавон паҳлуҳои манфиатноки ин шабакаи ҷаҳонӣ номид. Вақте ки мо дар бораи ҷиҳатҳои мусбати ин шабакаи сайёравӣ суҳбат мекунем, наметавонем аз аҳамияти сомонаҳои интернетӣ, ки ҳамарӯза ҳазорон муроҷиаткунанда истифода намуда, матолиби заруриро дастрас мекунанд, сарфи назар намоем. Бо ибораи дигар, интернет китобхонаи бузургеро мемонад, ки аз он дилхоҳ китобро метавон дар шакли электронӣ пайдо намуд.

Аммо дар баробари ин ҳама ҷиҳатҳои хуби интернет, баъзе паҳлуҳои манфии онро зикр кардан аз манфиат холӣ нест. Зеро имрӯз ҷомеаи мо дар марҳалаи буҳрони маънавӣ қарор дорад ва насли навраси мо наметавонад аз ин муъҷизаи аср самаранок истифода намояд. Ба он хотир ки корбасти маҳсулнок ҳамон вақт даст медиҳад, ки инсон дониши қавӣ ва шуури сиёсиву ҳувияти миллии комил дошта бошад. Дар сурати набудани дониши зарурӣ ва ҳушёрии сиёсӣ метавонад бо андак ваъдаҳову суханони ба зоҳир хуб фирефта шавад ва зиндагии худро дар хатар гузорад. Ва бо ин аъмоли ношоиста ба номуси ақрабову ватани хеш иснод орад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе ҷавонону наврасони мо, ки саводи кофӣ ва зиракии сиёсӣ надоштанд, ба зудӣ туъмаи террористону тундгароён гардиданд ва асосан онҳоро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин доми муҳлик равона сохтанд.  Хулоса, интернет дорои имкониятҳои васеъ буда, ҳар нафар метавонад аз он мувофиқ ба ҷаҳонбиниву тафаккури хеш истифода намояд. Бояд мо насли наврасро дар рӯҳияе тарбият намоем, ки аз интернет самаранок истифода кунанд, на барои вақтхушиву корҳои пучу бемаънӣ, ки оқибатҳои нохуш дорад.

Норинисо ОДИНАЕВА,

омӯзгори мактаби №3, шаҳри Бӯстон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш