Тавре маълум аст, ташкил ва гузаронидани дарсҳои иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои кишвар ба шакли анъана даромадаст.
Албатта, ин зарурат дорад. Аввал ин ки, дониши хонандагон аз фанни физика дар сатҳи паст қарор дорад ва миқдори соатҳои барои омӯзиши мавзӯъҳои барномавӣ ҷудогардида ҳанӯз камӣ мекунад. Дуюм, баҳри тайёр намудани хонандагон ба олимпиадаҳо ва имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ берун аз вақти дарсӣ зарурати гузаронидани машғулияти таълимӣ ба миён меояд.
Ҳоло дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳои иловагӣ бо шаклҳои зерин гузаронида мешавад: фардӣ ва гурӯҳӣ-синфӣ.
Дарси иловагии фардӣ мувофиқи майлу хоҳиши хонанда ва омӯзгор на фақат дар синф, метавонад дар ҳавои кушод низ гузаронида шавад. Ин шакли дарси иловагиро дар хона низ ташкил намудан мумкин аст. Дарси иловагии фардӣ мувофиқи қобилияти ҳамон як хонанда гузаронида мешавад.
Дарси иловагии гурӯҳӣ-синфӣ барои хонандагони лаёқаташон гуногун каме душвортар мебошад, зеро дар ин маврид талаботи ҳар як хонандаро қонеъ намудан лозим аст. Дар ин маврид, барои осонтар гардонидани кори омӯзгор хонандагони сустхон ва ё ақибмондаро ба хонандагони болаёқат ва пешсаф вобаста кунонидан лозим аст. Он гоҳ хонандагони пешсаф дониши андухтаи худро ба хонандагони сустхон ва ё ақибмонда ёд дода, ба ин васила дониши худро мустаҳкам мекунанд. Зимни ин, омӯзгор имкон пайдо мекунад, ки дониши андухтаи хонандаи сустхонро пурратар намояд. Ба ин васила, кори омӯзгор осон ва сатҳи дониши хонандагон баланд мешавад. Хонандагони ақибмонда ва сустхон, ки ҳам аз ҳамсабақи худ ва ҳам аз омӯзгор меомӯзанд, бештар ба муваффақият ноил мегарданд. Барои иҷроиши ин амал маводи таълимиро ба хонандагон вобаста ба дараҷаи инкишофи қобилияти зеҳнии онон пешниҳод кардан мувофиқи матлаб аст. Дар дарси иловагӣ хонанда бояд маводи таълимии баррасишавандаро ба пуррагӣ азхуд намояд. Дар ҳамин маврид, мақсади пешниҳодшудаи таълимӣ амалӣ мегардад.
Ҳангоми ташкили дарси иловагӣ аз фанни физика, чун анъана дараҷаи тайёрии хонандагон санҷида мешавад. Пас аз муайян намудани сатҳи дониш ва тайёрии хонанда ба ташкили дарс оғоз карда мешавад. Агар хонанда дониши кифоя надошта бошад, он гоҳ тавсия менамоем, ки дарсро аз ташаккулдиҳии тасаввуроти хонандагон оид ба предмети омӯзиши фанни физика оғоз намудан зарур аст:
1. Шарҳ додан лозим аст, ки физика чиро меомӯзад, табиат чист? ва мазмуну моҳияти ҷисми физикӣ, модда, ҳолатҳои агрегатии моддаҳо, ҳодисаи табиӣ (физикӣ), мафҳуму бузургиҳои физикӣ ва ғайраҳоро кушодан лозим. Ҳамчунин, аҳамияти омӯзиши фанни физика дар ҳаёт, истеҳсолот, робитаи физика бо дигар фанҳо, робитаи физика бо техника ва монанди инҳоро ба хонанда фаҳмонидан мебояд. Бояд гуфт, ки дар раванди дарсҳои иловагӣ ба донишҳои аз дарсҳои асосии мактабӣ ҳосилкардаи хонандагон такя намудан ва ин донишҳоро дар дарсҳои иловагӣ ташаккул додан ҳатмист. Агар шогирди дарсгиранда мактабхон бошад, дар раванди дарсҳои иловагӣ мавзӯъҳои дарсии аз рӯйи барномаи таълимӣ дар мактаб гузаштаи ӯро ҳар гоҳ пурсида истодан лозим аст. Агар раваду хонанда мавзӯи барномавиро хуб азхуд накарда бошад, мебояд онро фаҳмонд ва ба маводи дар дарси иловагӣ баррасишаванда тавъам намуд. Дар ин маврид робитаи мустаҳкам байни дарсҳои иловагӣ бо дарсҳои асосии мактабӣ барқарор мегардад, зеро ҳадаф аз ташкили дарсҳои иловагӣ ин тақвият додани донишҳои аз фанҳои таълимӣ андӯхтаи хонандагон мебошад.
2. Мафҳуми бузургии физикӣ ва усулҳои чен кардани онҳоро омӯзонида, оид ба воҳидҳои ченкунии бузургиҳои физикӣ ва системаи онҳо маълумот додан зарур аст. Пасон, хонандагонро бо асбобҳои ченкунии бузургиҳои физикӣ ва принсипи амали онҳо шинос намуда, вобаста ба имконият онҳоро нишон додан мебояд.
3. Моҳияти мафҳумҳо, қонунҳо, принсипҳо ва формулаҳои физикиро шарҳ дода, дар ҳамин замина алоқамандии байни бузургиҳои физикиро нишон додан зарур аст.
4. Тарзи муомила бо формулаҳои асосии физикӣ (бо истифода аз формула ёфтани қимати бузургии матлуб)-ро ёд додан лозим аст. Дар ин маврид бештар ба донишҳои математикии хонандагон такя кардан мебояд.
Д.Саъдуллоев,
омӯзгори физикаи мактаби №40-и ноҳияи Варзоб
Иловакунӣ
Иловакунии фикр