Нашрияи Омӯзгор

Ғаму шодии китоб

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Соҳибам донишҷӯ буд. Маро бо супориши устодонаш аз мағозаи китоб харидорӣ ва мутолиа кард. Имтиҳонашро супурду ба гӯшаи фаромӯшам супорид. Солҳо гузаштанд. Оиладор ва соҳиби фарзанд шуд. Фарзандонаш ба камол расиданд. Ман умедвор будам, ки ба онҳо хондани маро тавсия медиҳад. Аммо афсӯс... Маро гоҳе аз чанг тоза мекарду боз ба раф мегузошт.

Соҳибам фарзандашро хонадор карданӣ шуду ба таъмири хонаҳо пардохт. Чанд рӯз дар берун мондам. Баъд аз он... Ҷойи маро “сервис”-ҳои хориҷӣ гирифтанд. Маро дар як гӯшаи болохона ҷой доданд. 

Он ҷо 10 сол мондам.

10 сол ...10 сол ҳамроҳи анкабуту мушҳо. Чанд сафҳаамро мушҳо пора – пора карданд.Чӣ зиндагоние!? Ба одамон чӣ шуда бошад? Ҳушу ёди ҳама ба пул!

26-уми декабри соли 2019. Соҳибам чӣ шуду чӣ монд, ки ман ва дигар ҳамроҳонамро, ки 10 сол “хилватнишинӣ” кардем, гирифта, аз чанг тоза карда ба рафи ҷевонҳо ба ҳамон “сервис”-ҳо гузошт. Таваҷҷуҳи ӯ ба ман зиёд шуд. Фарзандонашро талқин кард, ки маро мутолиа намоянд. Ҳатто маро яке аз хешовандонаш, ки дар соҳаи савдо буд, ба орият гирифту хонд. Ман даст ба даст мегаштам, ҳангоми варақ задан “нафас” мекашидам ва шод будам. Хушо, ки аз нав дӯст ва рафиқи танҳоӣ ва “фурӯғи субҳи доноӣ” шудам.

Чӣ воқеа рух дода бошад? Ҳар чӣ шуда бошад, нағз шудааст. Мардум китобхон шудаанд.

Нодира Шерматова,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби № 27,

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш