Нашрияи Омӯзгор

Ҳамбастагӣ дар таълиму тарбия

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 777        Шарҳ: 0

 

Пӯшида нест, ки дар таълиму тарбияи хонандагон ҷузъиёт вуҷуд надорад. Ҳар як рафтору кирдор, ҳарфу сухан ва ҳар як амали омӯзгор барои хонандагон аҳамияти хоси тарбиявӣ- ахлоқӣ дорад.

Тавре медонем, педагогҳои машҳури даврони собиқ Шӯравӣ дар заминаи тадқиқоти худ тарбияро ҳамчун як бахши мукаммали илми ахлоқ ба гурӯҳҳо ҷудо намудаанд.

Сарфи назар аз гуфтаҳои болоӣ, чунин ба назар мерасад, ки тарбияи ахлоқӣ ва маънавии хонандагон дар ҳаёт ва кору фаъолияти онҳо нақши муҳим ва хосса дорад.

Дар робита ба ин масъала бояд зикр намуд, ки оила, волидайн ва мактаб дар рушду инкишофи таълиму тарбияи хонандагон нақши муассир доранд. Бинобар ин, дар мактабҳо ва ҳатто дар синфҳои ибтидоӣ ва кӯдакистонҳо ҳар чӣ қадар барвақттар ба рушду сайқал ва инкишоф додани ҳисси хештаншиносиву ватандӯстӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон, аҳли оила, зодгоҳ, ёдгориҳои таърихӣ, фарҳанги миллӣ, донистан ва риоя намудани расму оинҳои милливу аҷдодӣ машғул шавем, ҳамон дараҷа пураҳамият хоҳад буд.

Ҳамасола дар вохӯриҳо бо кормандони соҳаи маориф ва зиёиёни кишвар Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба талабот ва меъёрҳои имрӯзаи ҷаҳони муосир муофиқ ва ҷавобгӯ гардондани таълиму тарбияи насли наврасро дар макотиби миёнаи ҷумҳурӣ таъкид намуда, саҳми волидайнро дар таълиму тарбияи фарзандон хеле бузург мешуморанд. Аввалин устод ва роҳнамои хонанда  дар оила доир ба баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву ватандӯстии онҳо падару модарон ба ҳисоб мераванд. Ин хусусиятҳо дар макотиби миёна ба амал омада, минбаъд дар зинаҳои баланди таълим ташаккул меёбанд. Бинобар ин, қайд намудан бамаврид аст, ки  дар боло бардоштани дараҷаи ҷаҳонбинии онҳо падару модарон масъуланд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳунари омӯзгор дар ҳамбастагиву алоқамандии ӯ бо падару модарон  ташаккул дода тавонистани қобилияти шогирдон хубтару беҳтар аён мегардад. Аз ин хотир, муаллимони мактаби мо ҳамеша саъю кӯшиш доранд, ки ҳама гуна чорабиниҳои таълимиву тарбиявиро бо иштироки падару модарони хонандагон баргузор намоянд. Чунин чорабиниҳои таълимиву тарбиявӣ бо иштироки падару модарон натиҷаи мусбат медиҳанд.

Ҷои баҳс нест, ки бидуни иштироки падару модарон ва ҷомеа мактаб наметавонад кору фаъолияти тарбиявии хешро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монад. Танҳо ба воситаи кору фаъолияти омӯзгорон дар якҷоягӣ бо падару модарон ва дастгирии ҷомеа мо метавонем ба комёбиҳо муваффақ шавем. Аз ин рӯ, бояд робитаи мактаб бо падару модарон мустаҳкаму устувор бошад. Ин омил дар таълиму тарбияи насли наврас нақши босазо дорад.

 

Амриддин Ашӯров,

омӯзгори риёзии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №4-и ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш