Нашрияи Омӯзгор

Фаҳмишу дарки матн

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

Ташхисе, ки аз тарафи созмонҳои ғайридавлатӣ дар синфҳои ибтидоӣ гузаронида шуд, нишон дод, ки хонандагон матнро гӯш карда, ба саволҳо беҳтар ҷавоб медиҳанд, нисбат ба он ки худ матнро хонанду ба саволҳо ҷавоб гӯянд.

Чӣ бояд кард, то ки хонандагон натанҳо матни шунида, балки хондаашро ҳам хуб дарк намоянд?

Бо мақсади рафъи ин мушкилот якчанд усул пешниход карда мешавад:

«Кор бо калимаҳои асосӣ (калидӣ)»

Хуб мешавад, ки пеш аз хондани матн, калимаҳои асосии матн (калидӣ) ҳамроҳ бо хонандагон коркард шавад.

Барои мисол, афсонаи « Ҳезумкаш ва хирс»-ро мегирем

Тартиб додани ҷумлаҳо бо калимаҳои ҳезумкаш, хирс, бешазор, бозор, дӯстӣ, ҳамсар, ғазаб, тарс, сухани бад, хотир.

( Ҷумлаҳои тахминӣ)

1. Ҳезумкаш ба ҷамъоварии ҳезум машғул мебошад.

2. Хирс ҳайвони ваҳшӣ аст.

3. Дар бешазор анбуҳи дарахтон мерӯянд.

4. Бозор ҷойи харидан ё фурӯхтани мол мебошад.

5. Ҳамсар рафиқи ҳаётии мард аст.

6. Ғазаб ҳолатест, ки инсонро асабонӣ менамояд.

7. Тарс низ ҳолатест, ки инсон даступохӯрда мешавад.

8. Сухани бад метавонад нафареро озорад.

9. Хотир ҳолатест, ки инсон он равандро (чизро) дар майнаи сар ҷо мекунонад.

Баъди шарҳ ва таҳлили калимаҳои мазкур хонандагон метавонанд мазмуни матни хондашударо хубтар фаҳманд, зеро бо як қисми калимаҳои асосии матн ошно мегарданд.

Усули дигар, «Ба ҷойи нуқтаҳо гузоштани калимаҳо» мебошад, ки истифодаи низ он аз манфиат холӣ нест.

1. Ҳезумкаш барои ҷамъ кардани ҳезум ба ………. (бешазор) рафт.

2. Дар бешазор ҳезумкаш бо …….. (хирс) рӯ ба рӯ шуд.

3. Барои харид намудан одамон ба ……… (бозор) мераванд.

4. Одами ………(боғазаб) асабонӣ мешавад.

5. Аз ……. ( тарс) баъзан одамон шах мешаванд.

6. ,,,,,,,,, (дӯстӣ) бо одамон хушбахтӣ меорад.

7. ,,,,,,,,,,,,,, (суҳбати бад) дили одамонро меозорад.

8. Дар дарс ба боғи ҳайвонот рафтанамонро ба ………(хотир) овардем.

Инчунин, бо мақсади дарки пайдарҳамии мантиқии мазмуни матн аз усули « Пайдарҳамии мантиқӣ» истифода намудан бамаврид мебошад.

(Шакли парокандаи ҷумлаҳо)

1. Ҳамсари ҳезумкаш нисбат ба хирс суханони бад гуфт.

2. Ҳезумкаш ҳезумро барои фурӯхтан ба бозор мебурд.

3. Хирс ҳезумкашро маҷбур кард, ки бо табар ба сараш занад.

4. Барои ҳезумҷамъкунӣ ҳезумкаш ба бешазор мерафт.

5. Ҳезумкаш хирсро ба меҳмонӣ даъват кард.

6. Хирс ба ҳезумкаш гуфт, ки захми сараш шифо ёфтаасту суханони ҳамсари ӯ аз дилаш нарафтааст.

7. Баъди чанде дар ҷангал хирс бо ҳезумкаш вохӯрд.

(Шакли пайдарҳамии мантиқӣ)

1. Барои ҳезумҷамъкунӣ ҳезумкаш ба бешазор мерафт.

2. Ҳезумкаш ҳезумро барои фурӯхтан ба бозор мебурд.

3. Баъди чанде дар ҷангал хирс бо ҳезумкаш вохӯрд.

4. Ҳезумкаш хирсро ба меҳмонӣ даъват кард.

5. Ҳамсари ҳезумкаш нисбат ба хирс суханони бад гуфт.

6. Хирс ҳезумкашро маҷбур кард, ки бо табар ба сараш занад.

7. Хирс ба ҳезумкаш гуфт, ки захми сараш шифо ёфтаасту суханони ҳамсари ӯ аз дилаш нарафтааст.

Истифодаи усулҳои мазкур метавонад ҳисси кунҷковии кӯдаконро инкишоф дода,ҷолибияти дарсро таъмин намояд ва хондан бо мақсади дарки маъноро дар ниҳоди хонандагон ташаккул диҳад.

 

Ҳ.ҲАМРОЕВ,

корманди ФДҶТИБКСМ

дар шаҳри Бохтар,

З.ҲАМРОЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №18-и ноҳияи Кӯшониён


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш