Нашрияи Омӯзгор

Ғолибони «Ватанпарвар»

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

 

Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳисси ватандӯстӣ дар байни хонандагон, таҳкими ғояҳои дӯстӣ, тарғиби хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 27 – солагии Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии №3501 – и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври вилоятии озмуни ҳарбӣ - варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид.

Сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода афсарону аскарони қисми ҳарбии мазкур ва иштирокдорони озмунро ба ифтихори солгарди таъсисёбии Артиши миллии кишвар табрик намуда, таъкид дошт, ки баргузории чунин озмунҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонон такони ҷиддие мебахшад. Дар озмун ғолибони даври минтақавӣ - дастаҳои хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Деваштич, Конибодом ва Хуҷанд ширкат варзида, аз рӯйи 5 бахш - машқҳои сафороӣ, тарбияи ҷисмонӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, таҳияи варақаи ҳарбӣ – ватанпарастӣ бо ҳам мусобиқа намуданд.

Дар ҷамъбасти озмун ҷойҳои аввал насиби дастаҳои шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Конибодом ва Истаравшан гардид.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

Шуҳратҷон АЗИЗОВ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш