Нашрияи Омӯзгор

Иродатманд

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Зиёратмо Акрамова пас аз хатми  ДДОТ ба номи Сад-риддин Айнӣ дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ пазируфта шуд. Пас аз чанд сол ба вилояти Хатлон кӯч баста, дар яке аз мактабҳои шаҳри Сарбанд фаъолияти омӯзгориашро идома  дод. Ниҳоят, боз ба шаҳри Душанбе баргашта, дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 66-и ноҳияи Сино ба кор пардохт.  Ҳоло бо собиқаи сивусесолаи корӣ дар мактаби номбурда муовини директор шуда кор мекунад.

Дар баробари тарбияи шогирдон З. Акрамова се фарзанди худро низ хонондаву соҳиби касбҳои пурифтихор гардондааст. Фарзандонаш Парвизу Анису Зебои Ҳайдар хатмкардаҳои мактабҳои олӣ буда, дар соҳаҳои иқтисодиву техникиву тиббии мамлакат фаъолияти пурсамар доранд. Муаллима дар пешрафти кори омӯзгорӣ ва  оила аз шавҳараш Ҳайдар Сайфов  миннатдор аст, зеро ӯ ҳамеша ва дар ҳама кор дастгиру мададгори онҳост.

- Шогирдонро бояд ҳеҷ гоҳ беназорат нагузошт, - мегӯяд ӯ – Ҳам дар самти таълим ва ҳам дар самти тарбия таваҷҷуҳ ба онҳо ба фоидаи кор аст. Мо онҳоро бояд дар рӯҳияи худомӯзӣ, ватандӯстиву эҳтироми калонсолон тарбия намоем. Ин вазифаи ҷонии ҳар як омӯзгор аст.

Омӯзгор Зиёратмо Акрамова  ғолиби озмуни  «Муаллими соли 2007» – и шаҳри Сарбанд буда, бо ифтихорномаву мукофотҳо сарфароз гардидааст. 

 

Ҳабиба СИЯРОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ     


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш