Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти назаррас

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 831        Шарҳ: 0

 

Дар ДИС ДДТТ нишасти матбуотии директори донишкада, номзади илми иқтисод, дотсент Олимӣ Рауф Латифзода баргузор гардид.

Рауф Олимӣ зикр намуд, ки дар ДИС ДДТТ барои дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо дар гурӯҳҳои таҳсил бо забони англисӣ устодон аз донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои хориҷӣ даъват шудаанд.

Заминаи моддию техникии донишкада ҷавобгӯи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ҷараёни таълим дар се бинои таълимӣ, ки аз 80 синфхонаҳои алоҳида иборатанд ташкил карда шудааст. Пояи моддӣ - техникии донишкада ҷавобгӯи талаботи муосир мебошад. Дар донишкада 572 компютер, 33 тахтаи электронӣ, 103 проектор, 80 камераи назоратӣ мавҷуд мебошад. Дар чорчӯбаи амалишавии лоиҳаи “Самтҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рақобатпазирии МТОК” шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ пурра бо ҷевонҳо аз нав таҷҳизонида шуд, 4 синфхона пурра таъмир карда шуда, бо 42 адад компютер, 10 адад проектор ва 10  адад тахтаи электронӣ таҷҳизонида шуданд.

Китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ, синфхонаи интернет, 4 синфхонаи лингофонӣ, 6 синфхонаи компютерӣ, толори фитнес бо 18 тренажёр, майдончаи варзишии волейбол, минифутбол, баскетбол ҳамеша ба донишҷӯён хизмат мерасонанд. Ҳамаи синфхонаҳо, толори варзиш ва биноҳои донишкада дар давраи сармо бо тариқи мутамарказ то ҳарорати муқарраршуда гарм карда мешавад.  Дар донишкада барои донишҷӯён хобгоҳи дорои 26 адад ҳуҷраи истиқоматӣ муҳайёст, ки дар он 75 нафар донишҷӯ ҷой гирифтанд.

Дар соли 2019 нақшаи қабули довталабон ба донишкада, ки аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, 100,12 % иҷро гардид. Соли таҳсили 2019-2020 ба донишкада 1156 нафар дохил гардиданд.

Донишкада бо зиёда аз 220 корхона, ширкат, бонк, муассисаю ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои дуҷониба оид ба таҷрибаомӯзӣ дорад.  Қисме аз таҷрибаомӯзон баъд аз хатм дар он ташкилот ва корхонаҳо бо кор таъмин мешаванд.

Дар охири соли хониши 2018-2019 чун ҳамасола барои хатмкунандагони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон имтиҳонҳои давлатӣ ва ҳимояи рисолаҳои дипломӣ баргузор гардиданд. Тибқи фармоиш ба аттестатсияи хатм 499 нафар донишҷӯи шуъбаи рӯзона, 64 нафар магистр ва 709 нафар донишҷӯи шуъбаи ғоибона аз онҳо 510 нафар бо низоми анъанавӣ ва 217 нафар бакалавр барои гузаштан аз аттестатсияи хатм роҳ дода шуданд. Аз 1321 нафар хатмкунанда 39 нафарашон сазовори дипломи аъло шуданд.

Донишкада бо зиёда аз 60 донишгоҳи Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишномаҳои ҳамкорӣ дошта, устодону магистрон ва донишҷӯён тибқи барномаҳои ЭРАСМУС - МУНДУС, ТАРГЕТ 1 ва 2, ТЕМПУС ва лоиҳаи ФЛЕПП метавонанд такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзиро дар кишварҳои хориҷӣ  ба роҳ монанд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш